Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар баргардем, моро мекушанд." Изтироби паноҳҷӯёни афғонистонӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Афғонистониҳое, ки ҳуҷҷаташон барои кӯчидан ба Иёлоти Муттаҳида такмил шуда буд, ҳарос доранд, ки фармони президент Доналд Трамп онҳоро бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ мекунад.

Ба иттилои созмони AfghanEvac, наздик ба 1660 паноҳандаи афғонистонӣ аз ҳаққи парвоз ба Амрико маҳрум шудаанд. Ҳамкорони нерӯҳои амрикоӣ дар давраи то соли 2021, яъне ба қудрат расидани "Толибон", дар миёни паноҳҷӯёне ҳастанд, ки то имзо шудани фармони Трамп хадамоти муҳоҷирати Амрико ҳуҷҷати онҳоро ба тасвиб расонда буд. Фармон дар бораи муҳоҷирон 27-уми январ ба иҷро медарояд.

“Агар ба Афғонистон баргардем, моро мекушанд,” – гуфт яке аз паноҳҷӯёни афғон. Номаш ба далели амниятӣ навишта намешавад.

Ӯ тибқи барномаи кӯчбандӣ иҷозаи сафар ба Амрикоро гирифта, қарор буд моҳи феврал аз Покистон ба Иёлоти Муттаҳида равад, аммо фармони Доналд Трамп парвози ӯро бекор хоҳад кард.

Ин паноҳҷӯ ба суханонаш чунин идома дод: “Воқеан, сахт нигарон шудам. Нигарони худам, фарзандонам ва хонумам. Ҳама медонанд, ки Худое накарда, агар қазияи мо рад шавад, дар Афғонистон ором зиндагӣ карда наметавонам. Вазъияти Афғонистон бисёр хароб аст. Ман дар Афонистон бо амрикоиҳо кор мекардам. Ҳама ба мо мегуфтанд, ки шумо кофир ҳастед.”

Беш аз 1600 паноҳҷӯйи афғонистонӣ, ки иҷозаи сафар ба Амрикоро доштанд, акнун аз он метарсанд, ки саргардон хоҳанд шуд. Мисли аксари паноҳҷӯёни дигар, ки ба сарбозони амрикоӣ кумак кардаанд.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи паноҳҷӯён талаб доранд, ки барнома иҷро шавад. Шон Вандайвер, масъули созмони AfghanEvac, мегӯяд, "қазия ҳанӯз тамом нашудааст. Мо медонем, ки касони зиёде бо ин мавқеи раисҷумҳур эътироз доранд ва ба ин масъала таваҷҷӯҳ хоҳанд кард. Онҳо ҳазорон нафареро, ки паҳлӯ ба паҳлӯ бо низомиёни амрикоӣ буданд, дар канор мегузоранд.”

Пас аз бозгашти "Толибон" ва берун шудани нерӯҳои амрикоӣ, тақрибан 200 ҳазор гурезаи афғон ба Амрико интиқол ёфтанд. Аксарият дар Покистон панаҳ бурданд ва акнун аз он ҷо ронда мешаванд.

Фарида Муҳиб, паноҳандаи афғон, гуфт: “Муддати як сол мешавад, ки дар Покистон дар ҳолати бесарнавиштӣ қарор дорам. Фишорҳо ба муҳоҷирони афғон рӯз ба рӯз афзоиш меёбанд. Ин вазъият боис ба нигаронӣ аз ояндаи пур аз чолишҳои ҳуқуқӣ ва амниятӣ аст."

“Ҷаноби Трамп, ман чун як афғоне суҳбат мекунам, ки шоҳиди ваҳшати ҷанг ва ноадолатиҳо шудааст. Раванди муҳоҷиратро осон кунед, то мо тавонем ором зиндагӣ кунем. Занону кӯдакони афғонро, ки осебпазиранд дастгирӣ кунед,” -- ин муроҷиати як паноҳҷӯи дигари афғон дар Покистон ба Доналд Трамп аст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Оқибати фармони Трамп барои паноҳҷӯёни афғонистонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00
XS
SM
MD
LG