Мансабдорони Урдун ва Миср бори дигар ба пешниҳоди раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар бораи интиқоли сокинони Ғазза ба ин ду кишвар мухолифат карданд.
Доналд Трамп рӯзи 26-уми январ бо ишора ба "вазъияти ногувор" дар Навори Ғазза ба хабарнигорон гуфт, Урдун ва Миср бояд мизбони шумори бештаре аз фаластиниҳо бошанд.
Айман Ас-Сафдӣ, вазири корҳои хориҷии Урдун, дар вокуниш ба изҳороти Трамп таъкид кард, ки мухолифати кишвараш бо "кӯчонидани фаластиниҳо" як мавқеи "собит ва тағйирнопазир" аст.
Вазири корҳои хориҷии Урдун дар нишасти муштараки хабарӣ бо ҳамоҳангсози СММ дар Ховари Миёна гуфт, авлавияти Урдун "ҷобаҷойии фаластиниҳо дар сарзаминҳои худашон" аст.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки шарти асосии субот, ин ташкили давлати мустақили Фаластин мебошад. "Урдун барои урдуниҳо ва Фаластин барои фаластиниҳо аст", -- афзуд ӯ.
Ин мақоми урдунӣ айни замон гуфт, кишвараш хоҳони ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Амрико аст ва авлавияти кунуниро барқарории оташбас дар Ғазза ва расонидани кумакҳои башардӯстона медонад. Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2 миллион фаластинӣ дар Урдун зиндагӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомҳои Миср низ ба изҳороти охири раисҷумҳури Амрико вокуниш нишон доданд. Вазорати корҳои хориҷии Миср дар баёнияе таъкид кард, ки бо ҳар гуна "нақзи ҳуқуқи фаластиниҳо", аз ҷумла кӯчонидани онҳо "чӣ ба сурати муваққатӣ ва чӣ ба сурати доимӣ", мухолиф аст.
Ин баёния ҳамчунин ҳушдор додааст, ки риоят накардани ҳуқуқи фаластиниҳо, "таҳдидкунандаи субот ва занги хатар нисбат ба густариши даргириҳо", аст.
Намояндагони порлумони Миср ва ҳамчунин сафири ин кишвар дар Вашингтон низ баёнияҳои алоҳидае дар мухолифат бо пешниҳоди Доналд Трамп нашр кардаанд. Иттиҳоди Араб низ дар баёнияе эълон кард, ки "кӯчонидани иҷборӣ ва берун кардани мардум аз сарзаминҳои худро фақат метавон поксозии қавмӣ номид".
Баъзе аз вазирони ҳукумати Исроил аз ин пешниҳоди Доналд Трамп истиқбол кардаанд. Ҳукумати нави Амрико мехоҳад, дар ҷараёни бозсозии Навори Ғазза тақрибан якуним миллион фаластиниро кӯч диҳад. Ба гуфтаи Доналд Трамп, кӯчдиҳӣ метавонад муваққатӣ ё дарозмуддат бошад.
Ӯ гуфтааст, ҷанг Навори Ғаззаро вайрон кардааст ва зистан дар ҳоли ҳозир дар он ҷо ғайриимкон аст. Пештар Стив Виткофф, намояндаи Трамп дар Ховари Миёна, низ гуфта буд, ки имкони кӯчондани фаластиниҳо аз Ғазза ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Индонезия, баррасӣ мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Индонезия гуфт, кишвар омода аст, ки ба эҳёи Навори Ғазза мадад кунад, вале дар бораи нақшаи Кохи Сафед чизе намедонад.
Ҷанг дар Ғазза ҳудуди як солу чор моҳ давом кард. Дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.
Ҷанги навбатӣ миёни Исроил ва фаластиниҳо замоне оғоз шуд, ки рӯзи 7-уми октябри соли 2023 гурӯҳи "Ҳамос" дар ҳамлае беш аз 1200 исроилиро кушта ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт.
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.