Низоми омӯзиши Русия муддатҳо боз абзори қавии нерӯи нарми Маскав дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Аммо дар солҳои ахир ин арса бо пешниҳодҳои ҷаззоби кишварҳои дигар пур шудааст, дар ҳоле, ки мадраки таҳсилии русӣ ба далели инзивои фазоянда аз нуфузи гузашта бархурдор нест.
Блогери сокини Самарқанд Баҳодур Ҳасанов гуфт, аз ҳукми Додгоҳи олии Узбекистон дар бораи шикояташ аз рафтори ғайриқонунии ходимони полис розӣ нест.
Бо як қарори Департаменти давлатии ИМА, ба мӯҳлати камаш 90 рӯзи баъдӣ расонидани тамоми ёриҳои хориҷӣ боздошта мешавад.
Дар Русия як вакили дифоъ аз болои полиси вилояти Маскав шикоят кардааст, ки дар боздоштгоҳ зерҳимояашро бо электрошокер шиканҷа ва ба номусаш таҷовуз кардааст.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҷадвали бозиҳои Ҷоми Осиё-2025-ро миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола, ки аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, тасдиқ кард.
Дар вилояти Маскав бо қарори раёсати Кумитаи тафтишоти минтақаӣ зодаи Тоҷикистон Таҳмина Самадова боздошт шудааст. Модари 7 фарзанд, ки чанд ҳафта пеш мақомоти шаҳри Митиши бо 24 миллион рубл кӯмакпулӣ барои харидани манзил қадрдонӣ карданд, рӯзи ҷумъа бо гумони “қаллобӣ” дастгир гардид.
Як муҳоҷирзани тоҷик чанд моҳ мешавад барои чор фарзанди хурдсолаш ҳам падар шудаасту ҳам модар.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додситонии кулл ва Додгоҳи олӣ хоҳиш кардааст, ки парвандаи Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи "Пайк"-ро бозбинӣ кунанд.
Дар тағйироти наве Фирдавс Ҳаётзода, муовини аввали раиси Дастгоҳия иҷроияи президенти Тоҷикистон додситони ҳарбӣ таъин шуд.
Дар Тоҷикистон аз кору осори Наримон Бақозода, шоири маъруфи кӯдакон, дар остонаи 90-солагиаш ёд карданд.
Бо имзои созиши оташбас байни Ҳамосу Исроил, ки ба як ҷанги вайронгар дар Навори Ғазза поён дод, гурӯҳи тундрави Ҳамос, ки онро Амрико созмони террористӣ медонад, ҳамчунон ҳукуматро дар ин минтақа зери даст дорад.
Рӯзноманигорон ва ихтиёриён исми беш аз 90 ҳазор сарбозу афсари Русияро маълум кардаанд, ки дар ҷанги зидди Укарина кушта шудаанд.
Ёфтҳои бештар