Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин таҷриба то ба ҳол вуҷуд надошт." Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Амрико


Аризона, 20-уми январи 2025
Аризона, 20-уми январи 2025

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико гуфтанд, ки тағйири сиёсати муҳоҷират дар ин кишвар пас аз оғози кори президент Доналд Трамп метавонад ба ҳаёти онҳо таъсир гузорад.

То кунун ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо дарёфти Green Card дар Иёлоти Муттаҳида ҷойгир шуда, бархе ба воситаи сарҳади Мексика бо дархости паноҳандагӣ ба ин кишвар рафтаанд. Дар соли 2024 даҳҳо нафари онҳоро аз Амрико берун карданд.

“Муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Амрико тайи ду-се соли охир зиёд шуда буд, хосатан тавассути марзҳои ҷанубӣ аз хоки Мексика. Дар соли охири ҳукмронии Ҷо Байден қонунҳои муҳоҷират бисёр сахт шуд. Оморе, ки идораи муҳоҷират ва гумруки Амрико дар поёни соли 2024 нашр кард, ин буд, ки 77 шаҳрванди Тоҷикистон берун карда шудаанд. Ин дар гузашта собиқа надошт,” – мегӯяд Абдулло Ашӯров, рӯзноманигори тоҷик дар Амрико.

Президенти нави Амрико Доналд Трамп рӯзи 20-уми январ пас аз савганд хӯрдан ба чандин санаду фармонҳо имзо гузошт.

Аз ҷумла, дар марзи ҷанубӣ вазъи фавқулода эълон кард, фармони сахттар ҳифз кардани марзҳои Амрикоро дод, гирифтани шаҳрвандиро ба кӯдаконе, ки дар хоки ин кишвар ба дунё омадаанд, маҳдуд намуд ва қочоқбарони маводи мухаддирро террорист донист.

Ӯ дар паёмаш гуфт: "Ҳамаи ғайриқонунӣ гузаштанҳо аз сарҳад фавран боздошта мешаванд ва раванди баргардонидани миллионҳо муҳоҷири ғайриқонунии ҷиноиро ба кишварҳое, ки аз он ҷо омадаанд, оғоз хоҳем кард.”

Навор дар Инстаграм:

Рӯзноманигори тоҷик Абдулло Ашӯров, ки чанд сол боз дар Амрико зиндагӣ мекунад, гуфт, ин фармонҳои Доналд Трамп ба сиёсати муҳоҷират бетаъсир нахоҳад монд.

“Ин таҷриба то ба ҳол дар Амрико вуҷуд надошт. Ба муҳоҷироне, ки талош доштанд аз марзи Мексика вориди Амрико шаванд ва дар ин ҷо паноҳандагӣ ба даст биёранд, фармон дода шуд, ки дар хоки Мексика бимонанд. Аз ҳамон ҳуҷҷатҳои худро супоранд. Бояд то дарёфти паноҳандагӣ дар хоки Мексика бимонанд,” – шарҳ дод ӯ.

Ашӯров мегӯяд, маъмурияти Трамп аллакай барномаи CBP One-ро бастааст. Ин барномаест, ки ба даҳҳо ҳазор муҳоҷир имкон медод, ба таври қонунӣ вориди Иёлоти Муттаҳида шаванд.

Ӯ афзуд, алҳол муҳоҷирони тоҷик дар Амрико нигаронии хос надоранд ва мисли муҳоҷирони дигар аз кишварҳои олам аз пайи кору зиндагии худанд: “Дар Амрико ба фарқ аз кишварҳои пасошӯравӣ таҷрибаи саросарии манъ кардани муҳоҷирон ва тафтиши оммавии ҳуҷҷатҳои онҳо аз тарафи полис мушоҳида намешавад.”

Чанд муҳоҷири тоҷик дар Иёлоти Муттаҳида нахостанд, ки ба суоли мо дар бораи тағйири эҳтимолии сиёсати муҳоҷирати Амрико посух диҳанд, вале гуфтанд, нигаронанд ва мехоҳанд мунтазир бимонанду бинанд, ки чӣ вазъияте пеш меояд. Онҳо ҳолати умумиро номуайянӣ номиданд.

Моҷарои боздошти 8 шаҳрванди Тоҷикистон дар тобистони соли 2024 низ ба рӯҳияи муҳоҷирон таъсир доштааст.

Вақте ин гузориш омода мешуд, мақомоти Амрико хабар доданд, ки дар рӯзи аввали кори Трамп дар чанд шаҳру иёлат 308 муҳоҷири ғайриқонунӣ аз кишварҳои гуногун дастгир карда шуданд ва як нафари онҳо, Қодир Маҷидови 22-сола аз Тоҷикистон будааст.

Дар бораи шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Амрико талош доранд ҳаққи паноҳандагӣ ба даст оранд, оморе нашр нашудааст.

Аммо ба иттилои расмӣ дар соли 2023-юм 3580 кас аз Тоҷикистон барандаи Green Card ё корти сабзи Амрико шудаанд. Дар Тоҷикистон мардум аз бекорӣ ранҷ мекашанд ва дар ҷустуҷӯйи роҳҳои рафтан ба кишварҳои пешрафта ё муҳоҷирпазир ҳастанд.

Навор дар Фейсбук:

XS
SM
MD
LG