Баъд аз таътили солинавӣ дари корхонаву бозорҳо дар Русия боз шуд ва мақомоти ин кишвар дигарбора ба “шикор”-и муҳоҷирон оғоз кардаанд.
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, шоми 15-уми январ бо сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд.
Дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикояти мардум аз норасоии нерӯи барқу хонаҳои торику сард, сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома дорад. Нерӯгоҳе, ки онро масъалаи ҳаёту мамоти кишвар номидаанд. Хабаргузории Франс Пресс дар бораи ин мушкилоту ҷараёни сохтмони Роғун гузорише омода кардааст.
“Толибон”, гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон, мегӯяд, муолиҷаи нашъамандон яке аз дастовардҳои ҳукуматаш аст. Афғонистон бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Аҳмади Иброҳим ва хабарнигорони дигари зиндонии тоҷикро фавран озод кунанд. Ин созмони воқеъ дар Фаронса истифода аз низоми додгоҳиро "барои хомӯш кардани садоҳои мухолиф" маҳкум кард.
Вакилони мудофеи 8 гумонзад дар парвандаи маъруф ба "табаддулот" дар Тоҷикистон хостаанд, ки додрас онҳоро бегуноҳ эълон кунад.
Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш чӣ гуна аз “кӯшиши табаддулот” суистифода мекунанд?
Эълони таҳримҳои нави Амрико ба зидди ширкатҳои энергетикии Русия, бахусус “Газпромнефт”, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо газу нафт аст, нигарониҳоеро дар кишвар барангехтааст.
Хешовандони Аҳмади Иброҳим, сардабири маҳкумшудаи нашрияи "Пайк", аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки ӯро аз боздошт раҳо ва ҳукмашро бекор кунанд.
Тоҷикистон дар ҷадвали имсолаи IQ (қобилияти зеҳнӣ) дар миёни 127 кишвар дар мақоми 96-ум ҷой гирифтааст. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ поин аст. Масъулони Вазорати маориф дар номае ба Радиои Озодӣ иддао кардаанд, ки ба рушди зеҳни хонандагон таваҷҷуҳи хос доранд.
Теҳрон барои Душанбе шарики муҳими роҳбурдист, ба вижа дар пасманзари нуфузи Туркия дар минтақа. Аммо баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба далели мушкилоти солҳои гузашта ва маҳдудиятҳои молии Эрон чашмандози муносибатҳои ин кишварҳо ҳамчунон номушаххас мемонад.
Бо гузашти як моҳ аз суқути ҳукумати Башор Асад, вазири корҳои хориҷии Фаронса гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо дар пайи бардоштани баъзе таҳримҳо ба зидди Сурия аст.
Ёфтҳои бештар