Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Иҷозат надоданд." Омбудсмен дар бораи муҳоҷирон ва гумонзадҳои ҳамла ба "Крокус"


Умед Бобозода
Умед Бобозода

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, дар даҳ моҳи охир, баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус", поймоли ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар дар Русия афзудааст.

"Дар ҳақиқат, эътироф мекунем, ки нақзи ҳуқуқи инсон дар қаламрави Русия зиёд шуд. Натанҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки шаҳрвандони кишварҳои дигар низ," – гуфт Умед Бобозода рӯзи 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ.

Ӯ афзуд, дар пайванд ба ин масъала чанд дафъа ба ҳамтои русаш, Татяна Маскалкова, муроҷиат кард ва як моҳ пеш посух гирифт: "Ҷавоб омад. Хонум Маскалкова гуфтааст, масъала бевосита зери назорати онҳост. Бо омбудсменҳо дар минтақаҳои Русия ҳам суҳбат кардааст."

Бо вуҷуди талошҳои мақомоти тоҷик, баъзе аз муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, ҳанӯз фишор зиёд аст. "Тафтишу санҷиш ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ идома дорад, кам нашудааст," – гуфт муҳоҷири тоҷик Наврӯз.

Ба қавли Муҳаммад Қурбонов, корҷӯ дар яке аз мардикорбозорҳои Душанбе, ки то чанд вақт пеш дар Русия будааст, "мақомоти рус баъзе аз шахсони соҳиби ҳуҷҷатро ҳам аз фурудгоҳ гардониданд. Барои ҳамин ҳамла."

Мақомоти Русия амалиёти пайиҳамро алайҳи муҳоҷирон "пешгирӣ аз кору будубоши ғайриқонунӣ" донистанд. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, моҳи октябри соли 2024 дар нишасти кумисюни байниҳукуматии ду кишвар гуфт, "нақзи пайвастаи ҳуқуқи асосӣ ва озодиҳои шаҳрвандони мо... дар Русия наметавонад боис ба нигаронии мо набошад."

Ҳамлаи маргбор ба “Крокус” рӯзи 22-юми марти соли 2024 дар наздикии Маскав рӯй дод. Даҳҳо кас куштаву захмӣ шуданд. Ба гумони нақшарезии ҳамла, иҷро ва кумак ба он зиёда аз бист тан, асосан зодагони Тоҷикистон, дар боздошт ҳастанд.

Чор нафари онҳо омилони асосӣ муаррифӣ шуда, дар рӯзҳои аввали боздошт бо гӯши нимбурида, беҳушу беҳаракат ва порчае аз селофан дар гардан дар додгоҳ дида шуданд. Омбудсмени Тоҷикистон гуфт, ба дидаву дониста шиканҷа шудани гумонбарон вокуниш карданд ва ин ҳолатро ҳамтои русаш ҳам пазируфтааст.

Хабарнигорон рӯзи 27-уми январ аз Омбудсмени Тоҷикистон пурсиданд, ки аз ҳоли гумонзадҳои ҳамла ба "Крокус" хабаре дорад ё на? Умед Бобозода гуфт: "Мутаассифона, бо ин шаҳрвандон бевосита вонахӯрдем. Имкон нашуд, чунки иҷозат надоданд. Имсол мақсад дорам, хоҳиш ҳам дорам, аз яке аз боздошгоҳҳои Русия, ки дар он ҷо шаҳрвандони мо ҳастанд, дидан кунам."

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд. Пули фиристодаи онҳо барои иқтисоди оилаҳо муҳим дониста мешавад, вале мақомоти Тоҷикистон солҳои охир маблағи интиқолии онҳоро ошкор намекунанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Омбудсмен дар бораи вазъи муҳоҷирон чӣ гуфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00
XS
SM
MD
LG