Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-юми декабр аз дидори президент Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ISI ё созмони истихбороти Покистон хабар дод. Ба гуфтаи баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, сафари Муҳаммад Осим Малик ба Душанбе дар пасманзари шиддат гирифтани равобити Исломободу Кобул тасодуфӣ нест.
Аз 3-юм то 5-уми январ дар Тоҷикистон барфи зиёд борида, ҳаракатро дар роҳҳои асосии кишвар мушкил кард. Ронандагон шикоят доранд, ки ҷодаҳо саривақт тоза намешаванд. Мақомот, баръакс, ронандагонро гунаҳкор карданд, ки бе омодагӣ ба роҳ баромадаанд.
Як хона дар ноҳияи Варзоб ҷанҷолбарангез шудааст. Моликаш Ҷаҳоноро Раҷабова мегӯяд, бо даъвои овозхони шинохта Раҳима Шалоэр эҳтимол ҳар лаҳза аз он берун карда шавад. Чӣ гуна?
Коркарди конҳои саршор аз нафти Қазоқистон, ки интизор мерафт зиндагии миллионҳо сокини камбизоати ин кишварро беҳтар кунад, танҳо як гурӯҳи хурдро сарватманду соҳибқудрат намуд. Мардуми деҳаҳои наздик ба корхонаҳои нафт мегӯянд, ин захираҳо барояшон фақат дарду ранҷ ва талафот овард.
Сайфиддин Тоҷибоев, як тоҷикистонӣ, ки бо гумони "ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ва даст доштан дар амалиётҳои террористӣ" дар Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешавад, дар артиши нави Сурия мансаби баланд гирифтааст.
Дар вилояти Суми Украина дар ҳамлаи рӯзи 4-уми январи Русия як бинои панҷошёна хароб шудааст.
Иёлоти Муттаҳида ба 8 миллиард доллар ба Исроил силоҳу муҳиммоти дигари ҷангӣ медиҳад.
Дастаҳои мунтахаб ва бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон соли 2025 дар мусобиқаҳои байналмилалии таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) иштирок хоҳанд кард.
Доналд Трамп, президенти мунтахаби ИМА дар маъракаи интихоботиаш ваъда дода буд, ки назорат дар марз сахттар ва боздошту ихроҷи муҳоҷирони бесанад бештар мешавад.
Додгоҳи Узбекистон як шаҳрванди ин кишварро барои ширкат дар ҷанги Украина аз ҷониби Русия ба мӯҳлати чор солу ду моҳ зиндонӣ кардааст.
Тибқи иттилои Муассисаи Давлатии Маркази Барномаҳои Байналмилалӣ ҳузури донишҷӯёни тоҷик дар Чин назар ба соли гузашта 50 дарсад афзудааст.
Ҷон Кирби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико гуфт, кишвараш рӯзҳои наздик барои Украина кӯмакҳои иловагии амниятӣ ихтисос медиҳад.
Ёфтҳои бештар