Ба гуфтаи баъзе аз пизишкон дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон, давоми даҳ рӯзи охир муроҷиати сокинон аз зуком ва бемориҳоии дигари роҳҳои нафас зиёд шудааст. Беморон мегӯянд, нишонаҳои ин беморӣ аз зукоми одӣ дида, ба COVID-19 бештар монанд аст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ба кишвар ягон вируси нав ворид нашудааст.
Дар беморхона гуфтанд, ки зукоми муқаррарӣ аст, хавотир нашавед. Чӣ хел хавотир нашавем? Мо магар зукомро надида будем?
“Чӣ хел хавотир нашавем?”
Маҳрам Давлатов, сокини шаҳри Душанбе, бо ҳамсар ва ду фарзандаш як ҳафта боз бистариянд. Бемории онҳо аввал аз дарди гулӯ оғоз шуд ва сипас ҳарорату бемадорӣ, дард дар тахтапушт ва гум шудани иштиҳоро ба дунбол дошт.
Ба гуфтаи ин сокини 35-солаи пойтахт, хӯрдани чанд намуд ҳаб ё қурсҳое, ки барои табобати зуком ҳастанд, фоида накард: “Се шаб ҳарорати бадан аз 39 поён намефаромад. Дар беморхона гуфтанд, ки зукоми муқаррарӣ аст, хавотир нашавед. Чӣ хел хавотир нашавем? Мо магар зукомро надида будем?"
Дар як ҳафтаи охир даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гирифторӣ ба беморие шикоят карданд, ки зоҳиран ба зуком монанд аст, аммо бо сахтӣ паси сар мешавад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар як беморхона ва се маркази саломатии Душанбе шоҳид шуд, ки муроҷиати сокинон аз бемориҳои роҳҳои нафас зиёд шудааст. Аксар беморон аз ҳарорат ва бемадорӣ шикоят доштанд.
Пизишки яке аз бемористонҳои Душанбе бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 24-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо дастур шудааст, ки беморонро бар асоси дастури табобати бемориҳои роҳҳои нафас муолиҷа кунанд.
Як сокини шаҳри Исфара ҳам ба Радиои Озодӣ навиштааст, як ҳафта аст ба беморие гирифтор шудаанд, ки ҳама нишонаҳояш ба COVID-19 монанд аст.
Вазорат: Вируси нав нест
Намояндагони Вазорати тандурустӣ боисрор мегӯянд, ин ягон вируси нав нест ва танҳо мавсими бемориҳои роҳҳои нафас аст.
Наврӯз Ҷаъфаров, як масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мавсими тирамоҳу зимистон чанд намуд зуком, аз ҷумла, зукомҳои навъи А ва Б ҳастанд, ки “бемориҳои шадиди роҳҳои нафасро ба вуҷуд меоранд.”
Ҷаъфаров афзуд, аз рӯи таҳлилҳои Вазорати тандурустӣ дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ин шабу рӯз гирифторӣ ба бемориҳои роҳҳои нафас сабт шудааст.
“Ҳар як факти бемориро вобаста ба ҳамин ҳафтаи соли гузашта таҳлил мекунем ва дар ҳақиқат нисбат ба соли гузашта беморӣ каме зиёд аст,” – гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, аммо афзуд, "хатари беморӣ ҳанӯз аз хатти сурх убур накардааст".
"Дар Узбекистону Қирғизистон ҳаст"
Шикояти сокинон аз гирифторӣ ба бемориҳои роҳҳои нафас дар ҳолест, ки Чин дар охири моҳи декабри соли гузашта аз хуруҷи вируси нав бо номи “метапневмовирус” хабар дод. Аломатҳои ин вирус ба зукоми маъмулӣ ва шамолхӯрӣ монанд буда, сабабгори сулфа, рафтани оби бинӣ, дарди сар ва табларза мешудаанд.
Мақомот дар Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳанӯз дар аввали моҳи январи имсол гуфтанд, чанд ҳолати гирифторӣ ба вируси “метапневмо”-ро сабт кардаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар то ҳол ягон мавриди сироят ба ин вирусро сабт накардааст.
Маргарет Ҳаррис, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, рӯзи 23-юми январ ба "Анадолу", хабаргузории давлатии Туркия, гуфтааст, вируси “метапневмо” ё (HMPV) вируси нав набуда, ҳанӯз соли 2001 дар Ҳолланд сабт шуда буд. Ба гуфтаи ин намояндаи СҶТ, ин вирусе мебошад, ки бештар дар фасли зимистон ва дар пайи сард шудани ҳаво паҳн мегардад.
Мардум бояд чӣ кор кунанд?
Абдуҷаббор Назаров, пизишки сироятшиноси тоҷик мегӯяд, дар ин рӯзҳо мардум бояд чанд қоидаи муҳимро риоя кунанд: “Тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои иҷтимоӣ, муваққатан ҷудо кардани ҳуҷраи бемор. Шахси бемор бояд ба пизишк муроҷиат кунад ва бо дастури пизишк худро дармон кунад, на ба роҳи худтабобаткунӣ.”
Шубҳаву гумонҳо ба ҳарфҳои намояндаи Вазорати тандурустӣ дар бораи бемориҳо кам нест. Бахусус баъд аз онки мақомоти Тоҷикистон соли 2020 бо таъхир ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19-ро эълон карда буданд.