Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рухшона Ҳакимова кист ва чаро нисбат ба ӯ 17 сол зиндон талаб шуд?


Рухшона Ҳакимова. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Рухшона Ҳакимова. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Талаби 17 сол зиндон ба рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёд ба бор овард. Мақомот ӯро дар доираи парвандаи маъруф ба “табадуллот” ба “хиёнат ба давлат” гумонзад медонанд. Қазияаш муҳри махфӣ дорад ва ҷузъиёташ маълум нест. Алҳол бо шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодист.

“Бояд мӯйро аз хамир ҷудо кард”

Рухшона Ҳакимова 31-сола аст ва зиёда аз даҳ сол дар расонаҳои гуногун ва созмонҳои хабарнигорӣ кор кардааст. Аз ҷумла, дар Шӯрои Воситаҳои Ахбори Омма ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон. Ҳоло дар рухсатист, машғули нигоҳубини тифлон. Фарзанди калонияш дунимсола ва хурдиаш ҳаштмоҳа аст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, рӯзи 23-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ӯро “шахси содиқ ба журналистика” номид. “Дар пеши назари мо, рӯз ба рӯз малакаи журналистияшро сайқал медод. Кӯшиш мекард, ки дар чаҳорчӯби меъёрҳои байнулмилалӣ кор кунад. Бо чанд расонаи байнулмилалӣ низ ҳамкорӣ дошт,” – гуфт ӯ.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Қаршибоев афзуд, вақте талаби додситониро нисбат ба Рухшона Ҳакимова шунид, дар зеҳнаш чунин фикр омад, ки таъмини волоияти қонун танҳо як эъломия асту бас: “Мақомот бояд мӯйро аз хамир ҷудо карда, паси ангезаҳои сиёсӣ нараванд. Ба ҳар амал аз нигоҳи қонун баҳои ҳуқуқӣ диҳанд. То имрӯз эҳтимол доштам, ки билохира мақомот ба амалҳои Рухшона баҳои дурусти ҳуқуқӣ медиҳанд.”

Роҳбарони баъзе аз созмонҳои дигари рӯзноманигорӣ дар Душанбе аз изҳори назар дар бораи шахсият ва кори Рухшона Ҳакимова худдорӣ карданд.

Ӯ бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, корро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз кардааст. Корманди нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” буд. Матолиби таҳлилияш дар сомонаҳои “Кабар Азия” ва “Фактчек.тҷ” низ нашр шудаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон аст.

“Духтари хандонрӯи поквиҷдон”

Лола Олимова
Лола Олимова

“Рухшонаро аз замони донишҷӯияш мешиносам. Дар чанд давраи омӯзишии мо иштирок кардааст. Бештар дар мавзуъҳои иҷтимоӣ менавишт. Дар бораи ҳуқуқи занон ва тандурустӣ. Дар бораи Рухшона фақат суханҳои нек гуфта метавонам. Як духтари хандонрӯи поквиҷдон,”- ба ёд овард Лола Олимова, муҳаррири Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR).

Рӯзноманигор Азизи Нақибзод мегӯяд, "дар бораи Рухшона ҳарфи баде нашунидааст ва умедвор аст, додрас тифл доштан, модар буданашро ба назар мегирад."

Хабарнигор Ганҷина Ганҷова дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки "ба як модари ҷавон талаби 17 сол зиндон? Барои кадом ҷурм?"

Исфандиёри Одина, хабарнигори пешини Би-би-сӣ, дар вокуниш ба талаби 17 сол зиндон нисбат ба Рухшона Ҳакимова гуфт, “чунин дархост бидуни шак золимона аст”. “Хонум Ҳакимова сарфи назар аз ин ки чи коре карда ва таҳти чи шароите муртакиби чи ҷурме шуда, худаш ба ончи анҷом дода ва аз пайомадҳояш огоҳ буда ё набуда, сазовори чунин муҷозоти сангине нест. Ӯ, ки одам накуштааст, ҷоеро оташ назадааст, мунфаҷир накардааст!” – гуфт ӯ.

“Аз таъқиби Рухшона даст кашанд”

Як манбаи наздик ба тафтишот парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” пайванд дод. Худи ӯ ва вакили мудофеаш барои шарҳи масъала дастрас нестанд, вале як манбаи огоҳ гуфт, Рухшона Ҳакимова дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомро беасос хонд.

Сийнат Султоналиева
Сийнат Султоналиева

Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Дидбони Ҳуқуқи Башар, аз тарзи баргузории мурофиаи Рухшона Ҳакимова изҳори нигаронӣ кард. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ба далели он ки парванда муҳри махфӣ дорад, на Рухшона ва на вакили дифоаш ошкоро гуфта наметавонанд, ки ӯро ба кадом ҷурм гунаҳкор меҳисобанд. Ин, албатта, беэътимодии ҷомеаро ба мурофиаҳои додгоҳӣ ба вуҷуд меорад. Мақомот бояд аз таъқиби Рухшона даст кашида, муҳри махфиро аз парванда бардоранд ва имконият диҳанд, ки ӯ озодонаву ошкоро худашро муҳофизат кунад”.

Жанна Кавелие, намояндаи Гузоришгарони Бидуни Марз, низ мегӯяд, аз дархости сангини додситонӣ барои хомӯш кардани садои як рӯзноманигор дар Тоҷикистон бисёр нигарон ҳастанд. "Гузоришгарони Бидуни Марз аз додрас даъват мекунад, ки оқилона рафтор кунад ва ин дархости бемаъниро пайравӣ накунад,” – гуфт ӯ.

Ҳоло додрас ба хонаи машваратӣ рафтааст. Интизор меравад, дар ҷаласаи охирин ҳукми Рухшона Ҳакимова гумонзадҳои дигари парвандаи "табаддулот" эълон шавад. Рӯзи баргузории мурофиаи оянда дақиқ нест.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Рухшонаро аз дидори фарзандон маҳрум накунед!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00

Дар бештар аз ду соли охир нуҳ рӯзноманигору блогери тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch ин вазъро ташвишовар донистаанд.

XS
SM
MD
LG