Дидори Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, бо президенти Амрико Доналд Трамп метавонист хеле пурбор бошад. Аз ҷумла, имзои созишнома дар бораи истихроҷи маъданҳои Украина ин тавонро дошт, ки ду давлатро бо ҳам қаринтар гардонад ва ба Трамп барои дифоъ аз Украина ангезаи бештар диҳад.