Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Инҳоро бори аввал мебинам." Фазои интихоботӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?


Аксар мусоҳибон дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки дар бораи номзадҳо, барномаи онҳо ва рӯзи интихобот маълумот надоранд
Аксар мусоҳибон дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ки дар бораи номзадҳо, барномаи онҳо ва рӯзи интихобот маълумот надоранд

То интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон панҷ рӯз мондааст, вале фазои сиёсии кишвар ором асту баҳси ҷиддии номзадҳо ба назар намерасад. Намояндагони ҳизбҳо аз омодагии ҷиддӣ суҳбат карданд. Аксар мусоҳибони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, дар бораи номзадҳо, барномаи онҳо ва рӯзи интихобот маълумот надоранд.

“Намедонам чанд ҳизб аст”

Дилшод 19-сола аст ва бори аввал дар интихобот ширкат мекунад. Мегӯяд, аз донишгоҳ ба онҳо таъкид кардаанд, ки бояд ба овоздиҳӣ равад, аммо ӯ намедонад ба кадом ҳизб ва номзад раъй диҳад. “Рости гап, ягонтаашро намешиносам,”- кутоҳ посух медиҳад Дилшод.

Радиои Озодӣ ҳадди ақал бо даҳ нафар дар хиёбонҳои Душанбе суҳбат кард ва аз онҳо дар бораи интихобот пурсид. Аксари онҳо ба мисли Дилшод дар бораи номзадҳо ва барномаи онҳо маълумот надоранд. Як ҷавони ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳатто намедонад дар Тоҷикистон чанд ҳизб фаъолият дорад.

Дар ин миён танҳо ҷавонон нестанд, ки дар бораи интихобот ва номзадҳо маълумот надоранд. Абдунозир Раҷабов, сокини 60-солаи шаҳри Панҷакент, дар бораи номзадҳои пешниҳодшуда аз ҷойи зисти ӯ маълумот надорад.

Раҷабов аз 7 ҳизби сиёсӣ танҳо номи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократиро ба ёд дорад, аммо дар бораи номзадҳо ва барномаи ҳизб чизе намедонад. Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки роҳбараш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, дар интихобот аз ҳама бисёр номзад дорад. ҲХДТ танҳо аз рӯйхати ҳизбӣ номзадии 28 касро пешниҳод кардааст. Ҳоло низ аксар курсиҳои порлумон дар ихтиёри ҳамин ҳизб аст.

Варақа роҳи асосии таблиғ?

Варақаҳои таблиғотии номзадҳо як нишона аз он аст, ки дар Тоҷикистон интихобот баргузор мешавад. Дар хиёбонҳои пойтахт аз ҳама зиёд варақаҳои таблиғотии Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби демократ дида мешаванд. Аммо мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки сокинон ба ин навиштаҳо таваҷҷуҳи зиёде надоранд.

Аз як духтари ҷавоне, ки дар назди навиштаҳо буд, пурсидем, ки аз ин номзадҳо касеро мешиносад? “Намедонам, инҳоро якум бор мебинам,” – посух дод ин сокини Душанбе.

Зулфия Кабураева, сокини дигари Душанбе мегӯяд, номзадҳо ба онҳо варақаҳои таблиғотӣ додаанд. “Мо шинос шудем, лекин номашон ба хотирам нест. Якеаш ваъда дод, ки дар Тоҷикистон пешрафти занҳоро таъмин мекунем.”

“Мардум таваҷҷуҳи зиёд доранд”

Дар ҳоле ки сокинон аз интихоботу барномаҳои номзадҳо изҳори бехабарӣ мекунанд, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳузури густурдаи мардум дар вохӯриҳо мегӯянд.

Заррагул Мирасанова, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар интихоботи порлумонӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, то имрӯз дар минтақаҳои кишвар бо мардум 12 мулоқот гузаронданд. Мирасанова бовар дорад, ки “интихоботи имрӯза аз интихоботҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дорад.”

“Якум, мардум омодагии хуб дидаанд. Дар толорҳо мебинед, ки зиёда аз 300-400 нафар нишастаанд. Вақтҳое буд, ки мо одамонро ба толор меовардем, аммо ҳозир ҳама худашон меоянд ва мегӯянд, ки мо бояд дар интихобот иштирок кунем,” - афзуд ин намояндаи ҲКТ.

Заррагул Мирасанова
Заррагул Мирасанова

Намояндагони Ҳизби аграрӣ, ки як ҳизби тарафдори ҳукумат гуфта мешавад, ба ҳузури густурдаи мардум дар интихобот бовар доранд.

Мирзоанвар Аҳмадов, муовини раиси Ҳизби аграрӣ, рӯзи 25-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “бовари комил дорам, ки 90 дарсади онҳое ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, рӯзи 2-юми март омада раъйи худро изҳор медоранд.”

Мирзоанвар Аҳмадов
Мирзоанвар Аҳмадов

Дар интихоботҳои гузашта Комиссияи марказии интихобот аз ширкати беш аз 80 дарсади аҳолии соҳиби раъй хабар дод. Аммо баъзе нозирон ин оморро зери шубҳа бурдаанд.

Аз ҷумла, дар гузориши нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи интихоботи соли 2010 омадааст, "нозирони созмон дар нуқтаи раъйдиҳии рақами 65 то рафтани нозирони байнулмилалӣ 900 раъй сабт карданд, вале соати 19 ва рафтани нозирон 300 раъйи иловагӣ изофа шудааст" ва гузориш додаанд, ки 100 фоизи раъйдиҳандагон дар ин нуқта раъй додаанд.

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, барои дарёфти 63 курсии порлумон 220 номзад сабтином шудаанд. Аммо ҳамаи ин номзадҳо аз ҳизби ҳоким ё аҳзоби рӯ ба ҳукумат ҳастанд.

Ҳизби сотсиал-демократ, ки ягона ҳизби мухолифи ҳукумат гуфта мешуд, дар интихобот ширкат надорад. Имсол нозирони САҲА ва расонаҳои мустақил, аз ҷумла Радиои Озодӣ, низ ҷараёни овоздиҳиро назорат намекунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Ягон номзадро намешиносам"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00
XS
SM
MD
LG