Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сулҳ ба маънои таслим шудани Украина нест." Макрон ва Трамп чӣ гуфтанд?


Доналд Трамп ва Эммануэл Макрон. Вашингтон, 24-уми феврали 2025
Доналд Трамп ва Эммануэл Макрон. Вашингтон, 24-уми феврали 2025

Раисҷумҳури Фаронса рӯзи 24-уми феврал гуфт, созиши миёни Украина ва Русия метавонад "ҳафтаҳои наздик" ба даст ояд, вале ҳамзамон огоҳ кард, ки ин сулҳ ба маънои "таслим шудани Украина нест".

Эммануэл Макрон рӯзи 24-уми феврал дар Кохи Сафед бо президенти Амрико Доналд Трамп дидору гуфтугӯ дошт. Сафари ӯ дар солгарди сеюми ҷанги Русия дар хоки Украина сурат гирифт.

Трамп пеш аз пазироии Макрон гуфт, ҷанг ба зудӣ тамом мешавад, "агар боҳушона рафтор кунем, вагарна давом меёбад." Президенти Амрико гуфт, бо чанд раҳбари аврупоӣ гап зад ва аксари онҳо омода ҳастанд, ки замонатҳои амниятиро фароҳам кунанд. Ин ҳамон талабест, ки Украина ҳамчун шарти созиши сулҳ пеш гузоштааст.

Ҳам Макрон ва ҳам Трамп гуфтанд, дар масъалаи сафарбарии нерӯҳои посдори сулҳ ба Украина ба пешрафте даст ёфтаанд, ҳарчанд раисҷумҳури Фаронса пойфишорӣ карда буд, ки Иёлоти Муттаҳида дар иҷрои ин кор ба Аврупо ҳамроҳ мешавад. Ӯ гуфта буд, ки фиристодани нерӯҳои посдори сулҳи амрикоӣ барои пуштибонӣ аз нерӯҳои аврупоӣ бисёр муҳим хоҳад буд.

Доналд Трамп иддао кард, ки президенти Русия Владимир Путин барои "пазируфтан"-и нерӯҳои аврупоӣ дар Украина ба ҳайси кафили созиши хатми даргириҳо омода аст. Вай дар посух ба суоли як хабарнигор дар бораи мавқеи Путин ба ин масъала гуфт: "Ман ин суолро махсус ба ӯ додам. Ҳеч мушкиле дар ин замина намебинад."

Раҳбари Фаронса гуфт, ҳама гуна нерӯҳои аврупоӣ, ки ба Украина фиристода мешаванд, он ҷо бо ҳадафи "истиқрори сулҳ" қарор хоҳанд дошт ва на дар ҷабҳаи аввали ҷанг хоҳанд буд ва на ба низое дахолат хоҳанд кард.

Макрон гуфт, ӯ бо сарвазири Бритониё Кейр Стармер ҳамкорӣ хоҳад кард. Стармер, қарор аст, рӯзи 27-уми феврал ба Кохи Сафед рафта, мавзӯи фиристодани нерӯҳои посдори сулҳро бо Доналд Трамп баррасӣ кунад.

"Баъд аз суҳбат бо президент Трамп, ман комилан ба ин боварам, ки ин роҳ оянда дорад," – гуфт Макрон. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҷанг харҷи зиёд талаб мекунад ва афзуд, ин "масъулияти Русия аст, чунки Русия таҷовузгар мебошад".

Ин изҳорот бо ҳарфҳои Трамп дар ҳафтаи гузашта дар ихтилоф аст, ки гуфта буд, ҷангро Украина сар кардааст. Трамп гуфт, дар ду ҳафтаи оянда дар Кохи Сафед интизори омадани президенти Украина Владимир Зеленский мебошад, то созиши фароҳам кардани дастрасии Вашингтон ба конҳои маъдани Украина имзо шавад.

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Дар посух ба як суоли хабарнигоре президенти Амрико нахост Путинро диктатор номад, ҳарчанд худаш ҳафтаи гузашта Зеленскийро чунин сифат дода буд. Зеленский баъди ин гуфт, ки дар сурати сулҳ ва кафолати ба узвияти НАТО пазируфта шудани Украина омода аст, аз мақомаш истеъфо диҳад. Ӯ рӯзи 24-уми феврал ба "сулҳи воқеӣ ва пойдор" дар Украина даъват намуд.

Путин дар изҳороти телевизионӣ рӯзи 24-уми феврал дар мавқеи пешинааш як тағйире карду гуфт, ки кишварҳои аврупоӣ метавонанд дар музокираҳои ҳалли низоъ дар Украина "иштирок кунанд". Ӯ инчунин гуфт, ширкатҳои Амрико ва Русия дар заминаи тарҳҳои муштарак "дар тамос ҳастанд" ва ин тарҳҳо, аз ҷумла конҳои маъдани минтақаҳои ишғолшудаи Украинаро дар бар мегиранд.

Владимир Путин
Владимир Путин

Трамп гуфт, тими ӯ, аз ҷумла дар мавзӯи созишҳои тиҷоратии амрикоиву русӣ "пайваста" бо русҳо дар тамос аст ва ин изҳороташ ҳам баёнгари як тағйироти такондиҳандаи дигаре дар сиёсати Амрико гардид.

Раисҷумҳури Амрико, ки гуфт, Иёлоти Муттаҳида бояд миллиардҳо доллари ба Киев додаашро баргардонад, изҳор намуд, ки "маъмурияти ман аз арзишҳои хориҷии ҳукумати пешин даст мекашад".

Стратегияи маъмурияти Ҷо Байден, президенти пешини Амрико, ин буд, ки Русия аз назари сиёсӣ ва иқтисодӣ дар инзиво гузошта шавад, дар муколамаҳо иштирок накунад ва барои ҳуҷумаш ба хоки Украина бо таҳримҳои фаровоне ҷазо дода шавад.

XS
SM
MD
LG