Баъзе аз намояндагони мухолифон интихоботи порлумониро дар Тоҷикистон, ки ширкатдоронаш танҳо аз аъзои ҳизби ҳоким ва ё шахсону созмонҳои ҷонибдори ҳукумат иборатанд, "намоиши навбатӣ" номиданд.
Интихобот чист? Интихобот дар ҷомеа ба мардум имкон медиҳад, раҳбарону вакилони кишварашонро интихоб намоянд ва рафтору сиёсатгузориҳои онҳоро мутобиқ ба хостаҳои худ дигар кунанд.
Номзадҳои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии 2-юми марти имсол барои сокинон ваъдаҳои зиёд медиҳанд.
Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” (RSF) аз додситони кулли Тоҷикистон даъват кардааст, ки журналист Рухшона Ҳакимова аз зиндон озод карда шавад.
Ёриҳои молии Амрико дар таъмини субот ва дастгирии ниҳодҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон нақши намоён дошт. Коҳиш ёфтани ин кумакҳо аллакай таъсири назаррасе ба зиндагии баъзе аз мардум гузоштааст.
Украина ба имзои ҳуҷҷате розӣ шудааст, ки иҷоза медиҳад, Иёлоти Муттаҳида ба манобеи табиии ин кишвар дастрасӣ пайдо кунад. Ин созишномаи муҳим дар пасманзари талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанги сесолаи Русия дар Украина ба даст омадааст.
Як намояндаи мухолифони тоҷик мегӯяд, мақомоти корҳои дохилии Фархор пайвандонашро зери фишор гузоштаанд, то ӯ аз хориҷа ба Тоҷикистон баргардад ва танқиду фаъолиятҳои сиёсиро бас кунад.
То интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон панҷ рӯз мондааст, вале фазои сиёсии кишвар ором асту баҳси ҷиддии номзадҳо ба назар намерасад. Аксар мусоҳибони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе низ гуфтанд, дар бораи номзадҳо, барномаи онҳо ва рӯзи интихобот маълумот надоранд.
Раисҷумҳури Фаронса рӯзи 24-уми феврал гуфт, созиши миёни Украина ва Русия метавонад “ҳафтаҳои наздик” ба даст ояд, вале ҳамзамон огоҳ кард, ки ин сулҳ ба маънои “таслим шудани Украина” нест.
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон огоҳ кардааст, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҳаққи бозтоби интихоботи порлумонӣ маҳруманд.
Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумонӣ дар Олмон нишон медиҳад, ки Ҳизби иттиҳоди демократ-масеҳӣ ба пирӯзӣ расидааст. Ин ҳизб муваффақ шуд, ки тақрибан сӣ дарсади орои интихокунандагонро аз худ кунад.
Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, омодааст, ба хотири сулҳ дар кишвараш аз мақоми худ истеъфо диҳад. Ӯ яке аз роҳҳои расидан ба сулҳро дар пазируфтани Украина ба созмони низомии НАТО донист.
Ёфтҳои бештар