Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро бе ёриҳои байнулмилалӣ чӣ интизор аст?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ёриҳои молии Амрико дар таъмини субот ва дастгирии ниҳодҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон нақши намоён дошт. Коҳиш ёфтани ин кумакҳо аллакай таъсири назаррасе ба зиндагии баъзе аз мардум гузоштааст.

Маъмурияти президент Доналд Трамп додани 90 дарсади ёриҳои хориҷии Амрикоро ба воситаи USAID бас кардааст. Пули умумии ин грантҳо ба 57 миллиард доллар мерасад. Дар Тоҷикистон ҳам теъдоде аз кормандони муассисаҳоеро, ки бо ёрии Оҷонси Рушди Байнулмилалии Амрико кор мекарданд, ҷавоб додаанд.

Кумакҳои назарногир?

Масрур (ном иваз шудааст), корманди акнун собиқи яке аз созмонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, пас аз қатъи кумакҳои Амрико дар охири моҳи январ бекор мондааст.

“Ман чанд моҳ қабл ба ҳайси роҳбари як лоиҳаи нав корро сар кардам. Онҷо кори бештар ва маоши хубтар буд. Ҳар моҳ тақрибан 7 ҳазор сомонӣ қарзи бонк месупоридам. Таъмини молии хонавода ва падару модар низ бар дӯши ман буд. Ҳоло тамоми хонавода амалан бе даромад монд. Бояд кори нав пайдо кунам, аммо ман хушбин нестам, ки коре бо маоши пешина меёбам,” – гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ӯ яке аз чандин шаҳрванди кишвар аст, ки дар созмонҳои хориҷии муқими Тоҷикистон кор мекард. Сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон беш аз ҳафтод созмони байнулмилалиро рӯйхат кардааст, ки дар ҷумҳурӣ сабтином шудаанд. Ғайр аз ин, тибқи иттилои Вазорати адлия, ки дар соли 2023 нашр шуд, дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор созмони ғайридавлатӣ ҳаст.

Теъдоди умумии одамоне, ки дар ин сохторҳо кор мекунанд, ба таври расмӣ нашр нашудааст, аммо ба эҳтимоли қатъ шудани кумакҳои Амрико бар буҷаи ҳазорҳо нафар таъсири манфӣ мегузорад.

Ду миллиард доллар

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

“Илова бар ин, ки ҳар тарҳ ба тавсеаи кишвар дар ҳавзаҳои гуногун мадад мекунад, кумаки молии Амрико мустақим вазъияти иҷтимоии бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар иҷрои ин барномаҳо саҳм доранд, беҳбуд мебахшад. Маоши афроде, ки дар ин тарҳҳо кор мекунанд, чандин баробар бештар аз маоши миёна дар Тоҷикисон аст. Афзоиши даромади мардум таъсири мусбате бар бозор дорад ва дар натиҷа аз тариқи афзоиши даромадҳои молиётӣ ба даромади буҷаи кишвар кумак мекунад”, -- мегӯяд шореҳи иқтисодӣ аз Душанбе Пайрав Чоршанбиев.

Ӯ таъкид мекунад, ки маблағгузории USAID бо арзи хориҷӣ ворид мешавад, ки барои кишвар ҳангоми тиҷорати хориҷӣ хеле зарурӣ аст, махсусан замоне ки содирот тақрибан 4 баробар камтар аз воридот аст.

Тибқи маълумоти сафорати Амрико, дар тӯли 30 сол Вашингтон барои Тоҷикистон ба маблағи 2 миллиард доллар кумак кардааст, ки бештари он аз тариқи USAID ворид шудааст. Дар соли 2024 кумакҳои Амрико барои Тоҷикистон 58 миллион ва дар соли 2023 68 миллион долларро ташкил дод. Самтҳои асосии маблағгузорӣ -- рушди иқтисод, тандурустӣ, маориф ва хадамоти иҷтимоӣ, амният, демократия ва ҳуқуқи инсон мебошад.

Амрико инчунин барои Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо бемории норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД) ва сил бо ироаи 38 миллион доллар аз тариқи барномаи PEPFAR аз соли 2003 то 2021 ёрӣ кардааст. Пас аз қатъи ин кумакҳо ҳукумат талош дорад, ҳамкориро бо Бунёди ҷаҳонии мубориза бо бемории норасоии масунияти бадан, вараҷа ва сил тақвият бахшад ва манбаъҳои дигарро пайдо кунад.

Танқидҳо ва воқеияти нав

Бо ин ҳол, дар Тоҷикистон ба мисли кишварҳои дигар рӯ ба рушд нисбат ба кумакҳои Амрико, аз ҷумла USAID, танқидҳое шунида мешуд. Доираҳои наздик ба ҳукумат ҳамеша Амрикоро барои дахолат дар умури дохилӣ аз тариқи кумакҳо, ҳимоят аз мухолифон ва фаъолон ва ҳадафмандона истифода нашудани маблағ танқид мекарданд. Ангушти интиқод рӯи он мегузоштанд, ки пули қобили таваҷҷуҳ ба ниёзҳои маъмурӣ масраф мешавад ва ба баҳрабарандагон намерасад.

Аммо, маълум нест, ки ҷойи кумакҳои Амрикоро дар кишварҳое чун Тоҷикистон чӣ мегирад. “Амрико дар байни ҳамаи кишварҳо дар ин замина пешгом аст. Онҳо аз ҳама бештар барои рушду кумак маблағ сарф мекунанд. Кишварҳои дигар ба монанди Олмон, Бритониё, Ҷопон ва Фаронса низ маблағҳои назаррас ҷудо мекунанд. Яке аз омилҳое, ки кишварҳои мухталифро водор кард, то дар соли 2023 манобеи молии изофиро ба барномаҳои худ ҷазб кунанд, ҷанги Русия алайҳи Украина буд. Имсол ҳама мехоҳанд ин ҳазинаҳоро коҳиш диҳанд”, навишт Би-би-сӣ.

Ҳар сол то 15-20 дарсади ҳазинаҳои давлатии Тоҷикистон аз тариқи кумакҳои хориҷӣ таъмин мешаванд, ки ин кумакҳо аз ҷумла ба сурати дуҷониба аз сӯи ИМА, Олмон ва Ҷопон ироа мегарданд.

Ин кумакҳо умдатан дар бахшҳое ба монанди зерсохтор (барқ, нақлиёт, обёрӣ), барномаҳои иҷтимоӣ (тандурустӣ, маориф, дастгирии гуруҳҳои осебпазир), барномаҳои муҳитзистӣ (обшавии пиряхҳо, мудирияти захираҳои об ва ғайра) сарф мешаванд. Ба гуфтаи шореҳи сиёсӣ аз Душанбе набуди чунин кумакҳои молии густурда метавонад ба коҳиши барномаҳои иҷтимоӣ, афзоиши бекорӣ ва уфти сатҳи зиндагӣ боис мешавад.

“Ғайр аз ин, вобастагӣ аз таъмини молии хориҷӣ мумкин аст иҷрои роҳҳалҳои пойдори иқтисодиро дар сатҳи давлат душвор кунад, магар ин ки як роҳҳали муносиб барои ҷойгузинии ин кумакҳо пайдо шавад,” – гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG