Як намояндаи мухолифони тоҷик мегӯяд, мақомоти корҳои дохилии Фархор пайвандонашро зери фишор гузоштаанд, то ӯ аз хориҷа ба Тоҷикистон баргардад ва танқиду фаъолиятҳои сиёсиро бас кунад. Беҳрӯз Игамов 30-сола, соҳиби се фарзанд ва узви "Гурӯҳи 24" аст. Созмони мухолифе, ки фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон мамнуъст.
Игамов рӯзи 26-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот чанде пеш матни аризаеро ба ӯ фиристоданд, то аз раисҷумҳури Тоҷикистон афв бихоҳад ва аз ҷавобгарӣ озод гардад. Ӯ мегӯяд, аз тақдири наздиконаш дар Тоҷикистон нигарон аст, аммо ба ваъдаи мақомот бовар надорад ва биноан аризаро имзо нагузошт.
"Падару модар ва бародарамро ба ШКД бурда, соатҳо нигоҳ медоранд. Маҷбур мекунанд, ки ба ман гӯянд: баргард. Ариза нанавиштам. Бовар надорам. Ба чанд узви "Гурӯҳи 24" ваъдаи озодӣ дода, ба Тоҷикистон бурданд, вале ҷазо доданд. Агар мехоҳанд, ки ман дар озодӣ бошам, чуноне дар ғайбам парванда боз карданд, дар ғайбам бибанданд," – гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Мақомоти Тоҷикистон соли 2014 бо иловаи чанд банд ба Кодекси ҷиноӣ эълон карданд, ки агар шахсони таҳти ҷустуҷӯ бо иттиҳоми тундгароӣ ба ватан баргашта, изҳори пушаймонӣ кунанд, бахшида мешаванд.
Баъзе аз тоҷикони узви ДОИШ ва шумори каме аз мухолифон ба ватан баргаштанд ва расонаҳои давлатӣ аз “пушаймонӣ"-и онҳо ва афв шуданашон гузориш доданд. Бархе ҳам баъдан боздошту зиндонӣ шуданд. Мақомот он вақт гуфтанд, ҷурмҳои дигари онҳо ошкор гаштааст.
Масъулони Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба зангҳои мо посух надоданд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, аз моҳи ноябри соли 2024 алайҳи Беҳрӯз Игамов дар Тоҷикистон парванда боз шудааст. Тибқи ин, ӯ ба ҳамкорӣ бо созмон ва ҳизбҳои фаъолияташон мамнуъ (қисми дуи моддаи 307(3)-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад аст. Ин банди қонун аз панҷ то ҳашт сол зиндонро дар назар дорад.
Беҳрӯз Игамов мегӯяд, дар моҳи ноябри соли 2013 ба муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафта, як муддат ҳамроҳи Иззат Амон дар созмони "Маркази тоҷикон" кор кардааст.
"Баъд аз ихроҷи Иззат Амон аз Русия ва боздошту зиндонӣ шуданаш дар Тоҷикистон, соли 2022 ба сафи “Гурӯҳи 24” пайвастам," – гуфт ӯ. Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи "Гурӯҳи 24", дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин нуктаро таъйид кард.
“Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам бо гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархе ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.
Аз ҷумла, Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри 2024 Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро ба 30 сол зиндон маҳкум кард. Насимҷон Шарифов, узви ҳамин созмон, 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Мақомот ҳардуро ба ифротгароӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат гунаҳкор донистанд, аммо онҳо ҳукмро напазируфтанд.