Стив Гуттерман, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ
28-уми феврал. Кохи Сафед. Дидори Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, бо президенти Амрико Доналд Трамп метавонист хеле пурбор бошад. Аз ҷумла, имзои созишнома дар бораи истихроҷи маъданҳои Украина ин тавонро дошт, ки ду давлатро бо ҳам қаринтар гардонад ва ба раисҷумҳури Амрико барои дифоъ аз Украина дар баробари ҳуҷуми Русия ангезаи бештар диҳад.
Ин дидор метавонист то андозае маълум кунад, ки дар сурати оташбас ё созиши сулҳ бо Русия, Вашингтон ба Киев чӣ замонатҳои амниятӣ хоҳад дод. Ҳатто агар ин иттифоқ намеуфтод, Зеленский ва Трамп метавонистанд, ранҷишҳоеро, ки пас аз танқиди ҳамдигар ҷамъ шуда буд, аз байн баранд.
Ин тавр нашуд. Мулоқоти муҳим миёни раҳбарони Амрико ва Украина пас аз баҳси лафзии онҳо нотамом монд. Зеленский Кохи Сафедро зудҳангом ва бе имзои созишномаи истихроҷи маъданҳо ва баргузории нишасти хабарӣ тарк кард.
"Зиён метавонад бештар бошад"
Созишномаи истихроҷи маъданҳо, ки Владимир Зеленский ва Доналд Трамп бояд имзо мекарданд, танҳо чаҳорчӯбаи қарордод ва, ба гуфтаи таҳлилгарон, асосан рамзӣ буд. Яъне, имконият додан ба ҳарду барои намоиши пирӯзии дипломатӣ ва кушодани роҳи маъмурияти Трамп барои тавҷеҳи ёриҳои гузашта ва эҳтимол кумакҳои оянда ба Украина.
Доналд Трамп пешнависи созишномаро дар роҳи расидан ба сулҳ дар Украина қадами муҳим хонда буд. Бинобар ин, оё қарордод дар ниҳоят имзо мешавад ва дар чи замоне, баёнгари имкони ҳамкории Киев ва Вашингтон дар мавриди оташбас ё созиши сулҳ бо Русия аст.
Суоли бузургтар ин аст, ки оё Иёлоти Муттаҳида аз Украина рӯй хоҳад гардонд? Барои мисол, кумакҳои низомиро, ки ҳанӯз идома доранд, қатъ ё маҳдуд мекунад ва ё бидуни Киев ба талошҳо барои созиш бо Русия дар мавриди оташбас ё нақшаи сулҳ барои Украина пеш хоҳад рафт.
"Муносибатҳо тармим хоҳанд шуд"?
Мулоқоти ҷанҷолӣ дар Кохи Сафед баёнгари вайрон шудани муносибатҳои Зеленский ва Трамп буд. Муносибате, ки пас аз интихоби Доналд Трамп дар соли 2019 пуртаниш гаштааст.
Аммо шояд поёни кор набошад. Дидор маҳз дар замоне сурат гирифт, ки ду тараф танқидҳои худро аз якдигар ислоҳ карданд. Трамп пештар Зеленскийро "диктатор" номид ва Зеленский бовар дошт, ки Трамп дар банди иттилои нодурусти Путин дармондааст. Доналд Трамп рӯзи 27-уми феврал дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, "магар ман гуфтам, ки ӯ (Зеленский) диктатор аст? Бовар надорам!"
Ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки ҳар иттифоқ ҳам ки дар Кохи Сафед афтода бошад, майл ё шояд ниёзи Зеленский ба замонати кумакҳои Амрико дар оянда ва гирифтани кафолати амниятӣ аз Вашингтон ҳанӯз аз байн нарафтааст. Бинобар ин, ҳанӯз ин эҳтимол, ҳарчанд андак аст, вуҷуд дорад, ки шикоф миёни ду тараф тармим шавад.
Ихтилофи Амрико ва Аврупо
Аз бозгашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед дар рӯзи 20-уми январ, равобити Иёлоти Муттаҳида бо Иттиҳоди Аврупо бе таниш набудааст. Ихтилофи ду тараф бештар ба шеваи бархӯрд бо Маскав дар заминаи ҷанги Украина аст ва ҳамин тавр бар сари масоиле чун тиҷорату таърифаҳо ва арзишҳо.
Пеш аз сафари Зеленский ба Вашингтон, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Кейр Стармер, сарвазири Бритониё низ ба дидори Трамп рафта буданд, то шояд ин ихтилофҳоро кам кунанд. Ҳоло мумкин аст ба ҷойи камтар шудани ихтилоф иттифоқи баръаксе биуфтад ва ваҳдати Аврупо ва Амрико осеб бинад.
Бавижа, баъд аз таниш дар дафтари кори раисҷумҳур Трамп, раҳбарони аврупоӣ дар тамос бо Зеленский бо ӯ эъломи ҳамбастагӣ карданд. Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, дар паёме дар шабакаи "Х" (Твиттери собиқ) аз Владимир Зеленский даъват кард, ки "қавӣ, ҷасур ва нотарс" бошад ва итминон дод, ки ӯ "ҳеч гоҳ танҳо нахоҳад буд".
"Мо бо шумо барои сулҳи одилона ва пойдор ҳамкорӣ хоҳем кард," – афзуд фон дер Лейен.
Сулҳи одилона ва пойдор чӣ хоҳад шуд?
Владимир Зеленский ва раҳбарони Аврупо аз сулҳи одилона ва пойдор гап мезананд. Сулҳе, ки ба нафъи Русия ва заъфи Украина наанҷомад ва Киевро дар баробари ҳамлаҳои ояндаи Русия осебпазир нагузорад.
Вақте Доналд Трамп рӯзи 12-уми феврал бо президенти Русия Владимир Путин суҳбат кард ва дертар як ҳайатро барои мулоқот бо намояндагони Маскав ба Арабистони Саудӣ фиристод ва талошҳои маъмурияти Байденро барои инзивои Маскав халалдор намуд, ҳаросро дар Киев ва Брюссел барангехт, ки мабодо сулҳи якҷониба ба Киев таҳмил нашавад.
Дидори рӯзи 28-уми феврал қарор буд ин нигарониҳоро камтар кунад, аммо чунин нашуд. Ва иттифоқе уфтод, ки метавонад ташвишҳоро дубора бештар кунад.