Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқ, кор ва муҳоҷирон. Номзадҳо дар корзори интихобот чӣ ваъдаҳо медиҳанд?


Варақаҳои таблиғотии номзадҳо ба интихоботи порлумонӣ дар Душанбе
Варақаҳои таблиғотии номзадҳо ба интихоботи порлумонӣ дар Душанбе

Номзадҳои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии 2-юми марти имсол барои сокинон ваъдаҳои зиёд медиҳанд.

Як пажӯҳиши Радиои Озодӣ муайян кард, ки бештари ин номзадҳо ваъдаҳоеро медиҳанд, ки ҳукумати Тоҷикистон додааст. Аз ҷумла, мегӯянд, мушкили муҳоҷират ҳал ва кишварро ба истиқлоли энергетикӣ мерасонанд.

Ваъдаи барқи доимӣ ва ҷои кор

Баҳром Шарифов, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар рӯзи 27-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз бандҳои барномаи ҳизби онҳо гуногунсозии самтҳои муҳоҷирати кории шаҳрвандон аст.

“Бояд якум, гуногунсамтии муҳоҷират таъмин карда шавад. На фақат ба Русияву Қазоқистон, балки ба Аврупо ва давлатҳои арабӣ низ сурат гиранд. Зеро дар онҷо ҳозир рушди иқтисодӣ суръати хеле тез дорад ва талабот ба ҷойҳои кориву муҳоҷират хеле зиёд аст. Дар барнома ҳамчунин пешбинӣ карда шудааст, ки мо бояд аз таҷрибаи Сингапур омӯзем, ки ин раванд муташаккилона бо назардошти омодаи касбии муҳоҷирон, вобаста ба талаботи ҳамон бозор бояд ташкил карда шавад”,--изҳор дошт Шарифов.

Видеоро инҷо бинед:

Ваъдаҳои интихоботии номзадҳои курсии Маҷлиси Намояндагон иҷро мешаванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Довталаби курсии вакилии Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби демократии Тоҷикистон ҳам дар баромади телевизионияш гуфтааст, ки дар сурати пирӯзӣ мардумро бо барқи доимӣ таъмин хоҳанд кард.

“Ҳадафҳои фаъолияти ман ба самтҳои зерин нигаронида мешавад...паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, истеҳсоли молҳои дар бозор ба рақобат тобовар, коркарди саноатии ашёи хоми дохилӣ, таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат, таъмини раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ,”-- илова кардааст ӯ.

Ваъдаҳои иҷронашуда ва нақши вакил

Дар арафаи интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон ваъдаҳои номзадҳо ва вакилони оянда баҳсбарангез мешавад ва на ҳама ба иҷро шудани онҳо бовар мекунанд.

Фарҳод Одинаев, ҳуқуқшинос ва фаъоли тоҷики муқими Аврупо сабаби иҷро нашудани ваъдаҳои пешазинтихоботии вакилонро дар мустақил набудани онҳо мебинад. Ӯ мегӯяд, дар интихоби шахсиятҳо шахсиятмеҳварӣ нест, балки итоатпазирӣ аст.

“Нафареро интихоб мекунанд, ки ӯ бечунучаро аз онҳо итоат кунад. Дувум ин аст, ки вакилон вақте интихоб мешаванд, салоҳияти иҷрои ягон кори иҷтимоиро надоранд. Яъне, як вакил наметавонад барои мисол ба корманди барқ таъсир расонад, ки ӯ қонунро риоя намояд. Ин салоҳиятро надорад ва ман ҳам то ҳол надидам, вакиле интихоб шуда бошад, ки тавонад аз рӯи қонун ба ин ё он масъалаи иҷтимоии барои мардум муҳим таъсир гузошта бошад”, - изҳор дошт вай.

Бархе аз сокинон ҳам рӯзи 27-уми феврал дар як суҳбати сарироҳӣ гуфтанд, ба иҷро шудани ваъдаҳои номзадҳо чандон бовар надоранд. Маҳмадшариф Очилов, сокини Душанбе рӯзи 27 феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “чи хел гуям, баъзеаш ваъдаро иҷро мекунанд ва баъзеааш не. Ваъдаро медиҳанду мераванд. Аз ҷониби мо як сардухтур номзад аст, бисёр ваъда дод, вале намедонем, ки чи кор мекунад. Фаҳмида намешавад”.

Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд, ваъдаҳо бояд иҷро шаванд. “Дар масъалаи муҳоҷират, ҳамон барномаҳо бояд ҳал шаванд. Бояд ҳалли худро ёбанд. Инхел намешавад! Худатон медонед, ки дар Тоҷикистон он қадар ҷойи кор зиёд нест”, - гуфт Баҳодурбек Мамадназарбеков, сокини шаҳри Хоруғ рӯзи 27-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар интихоботи 2-юми март барои 63 курсии порлумон 68 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурӣ ва 152 номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ мубориза мебаранд. Бештари ин курсиҳо дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри ҳизби ҳокими халқӣ-демкоратӣ бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Интизор меравад, ин вазъ тағйире нахоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG