Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон, ки дар чаҳор интихоботи президентӣ шикаст хӯрдааст, ҳоло яке аз чеҳраҳои қудратмандтарин дар Ҷумҳурии Исломӣ ба шумор меравад.
Дар пасманзари афзоиши номуайянӣ дар бораи музокирот барои созиши хатми ҷанг миёни Вашингтону Теҳрон, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Эрон ва зарбаҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва кишварҳои дигар идома дорад.
Ба назари раисҷумҳури Амрико, "шонси бисёр ҷиддӣ"-и расидан ба созиш бо Эрон вуҷуд дорад. Доналд Трамп баъди изҳороташ дар бораи гуфтугӯи ҷонибҳо ва қатъи панҷрӯзаи ҳамла ба зербунёдҳои энержии Ҷумҳурии Исломӣ дар ин бора сухан гуфт.
Радиои Озодӣ аз Кетрин Грот (Cathryn Grothe), таҳлилгари аршади созмони "Хонаи Озодӣ" дар Вашингтон пурсид, ки дар бораи нишондодҳои Тоҷикистон шарҳи бештар бидиҳад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ба Теҳрон 48 соат муҳлат дод, ки тангаи Ҳурмузро боз кунад, дар акси ҳол ба неругоҳҳои мухталифи Эрон ҳамла хоҳад шуд.
Пайвандони ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар Арманистон мегӯянд, беш аз як ҳафта боз аз онҳо дарак надоранд.
Freedom House ё Хонаи Озодӣ мегӯяд, Тоҷикистон дар бист соли гузашта бо рукуди башиддати нишондодҳои демократӣ рӯ ба рӯ шудааст. Гузориши ин созмони байнулмилалӣ рӯзи 19-уми март бо номи "Озодӣ дар ҷаҳон. Сояи афзояндаи худкомагӣ" нашр шуд.
Сиёсатшинос Ариэл Коҳен дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ нақши нафтро дар масоили геополитикии Эрон, имкониятҳои маҳдуди ин кишвар дар таъсиргузорӣ ба вазъи бозор ва далелҳояшро дар заминаи бартарияти Амрико ва ҳампаймонҳои он дар ин муборизаҳо шарҳ дод.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки агар ҳампаймонони Иёлоти Муттаҳида дар кушодани тангаи Ҳурмуз ҳамкорӣ накунанд, паймони низомии НАТО ба ояндаи "бисёр баде" рубарӯ хоҳад шуд.
Ёфтҳои бештар