Украина ба имзои ҳуҷҷате розӣ шудааст, ки иҷоза медиҳад, Иёлоти Муттаҳида ба манобеи табиии ин кишвар дастрасӣ пайдо кунад. Ин созишномаи муҳим дар пасманзари талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанги сесолаи Русия дар Украина ба даст омадааст.
Як нусхаи ин қарордод дастраси Радиои Озодӣ ҳам шуд. Дар ин санад кафолати мушаххаси амниятии Амрико ба Украина оварда нашудааст. Чизе, ки аз талабҳои аслии Киев буд. Дар созишнома ҳамчунин рӯшан нашудааст, ки Иёлоти Муттаҳида ироаи таҷҳизоти ҳарбӣ ва муҳимоти ҷангиро ба Украина идома медиҳад ё на.
Дар оғози ин тавофуқ таъкид шудааст, ки Вашингтон “аз оғози ҳамлаи ҳамагири Русия ба Украина ба таври чашмрас ёрии молӣ ва моддӣ мерасонад.” Аммо дар он ҳеч ишорае дар бораи талаби Вашингтон барои гирифтани 500 миллиард доллар даромади эҳтимолӣ аз дастрасӣ ба захираҳои табиии Украина нест. Ин нукта дар тарҳи қаблии созишнома пешбинӣ шуда буд. Президенти Украина, Владимир Зеленский, инро борҳо ғайриқобили қабул хонда буд.
Созишнома уҳдадориҳои қатъии амниятии Амрикоро дар бар намегирад, аммо дар он гуфта шудааст, ки ИМА “аз талошҳои Украина барои дарёфти кафолатҳои амниятӣ ҳимоят мекунад.” Дар ин санад ҳамчунин таъкид шудааст, ки Вашингтон “уҳдадориҳои молии дарозмуддати худро барои рушди босубот ва иқтисоди Украина” ҳифз ва иҷро хоҳад кард.
Дар баробари ин масъалаҳо, як бахши асосии қарордод ба ташкили сандуқи бозсозӣ бо сармоягузории муштарак рабт дорад. Украина розӣ аст, ки 50 дарсади даромад аз захираҳои табиии давлаташро дар оянда ба ин бунёд гузаронад. Ин ба сарватҳои маъданӣ, нафту газ ва инчунин даромадҳои марбут ба бандарҳои гази моеъ (LNG) рабт дорад. Аз даромади ин сандуқ ҳар сол ба Украина дубора сармоягузорӣ мешудааст.
Бо ин ҳол, дар санад суолҳои зиёде бе ҷавоб мондаанд. Дар он гуфта шудааст, ки ин нуктаҳо дар созишномаи баъдӣ матраҳ хоҳанд шуд. Санаде, ки гурӯҳҳои корӣ "бе таъхир" ба баррасии он шуруъ хоҳанд кард. Дар баробари нуктаҳои дигари калидӣ, тарзи тақсими моликияти муштараки сандуқ ҳам матраҳ мешавад, ки мумкин аст, он як тақсими одии 50 ба 50 дарсадӣ нахоҳад буд. Ҷузъиёти “мудирият ва кор”-и бунёд ҳам бояд муҳокима шавад.
Дар санад гуфта мешавад, ки ҷонибҳо бе иҷозати якдигар ҳаққи “фурӯхтан, ироа ё идора кардан”-и ягон бахши сандуқро надоранд. Яъне, ҳеч яке аз тарафҳо наметавонад якҷониба тасмим гирад ё берун шавад.
Дар ин қарордод омадааст, ки он аз ҷониби “Верховная Рада” ё порлумони Украина тасвиб мешавад, вале дар он ишорае ба имзои Конгрес нашудааст. Вакили украинӣ, Богдан Китсак, аз ҳизби зери раҳбарии Зеленский “Хидматгори халқ” ба бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, тавофуқ ба фоидаи иқтисоди кишвар аст.
“Барои ин шумори азими мутахасисон, пажӯҳишҳои илмӣ ва фанновариҳои навин зарур аст,” -- гуфт вай ва илова кард, ки “бо сармояи Амрико метавон “иқтисоди нав” бунёд кард.”
Олег Устенко, мушовири иқтисодии пешини Зеленский, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Символизм ё намодгарӣ дар ин ҷо нақши муҳимтар аз масоили молӣ ва иқтисодиро дорад.”
Барои президенти Амрико, Доналд Трамп, ин ба маънии пирӯзӣ хоҳад буд. Ӯ барои ин созишнома пофишорӣ кард ва онро ба даст овард. Зеленский ҷузъиёти бештари тавофуқро интизор аст. Дар ҳоли ҳозир ин санад метавонад баҳсу ихтилофҳои талхи оммавиро, ки сабаб шуд Трамп Зеленскийро “диктатор” ё худкома номад, то ҷое нарм кунад.