Баъзе аз намояндагони мухолифон интихоботи порлумониро дар Тоҷикистон, ки ширкатдоронаш танҳо аз аъзои ҳизби ҳоким ва ё шахсону созмонҳои ҷонибдори ҳукумат иборатанд, "намоиши навбатӣ" номиданд.
Раъйдиҳӣ субҳи 2-юми март сар шуд. Кумисюни марказии интихобот гуфт, ки то соати 12 тақрибан шаст дарсади мардуми қобили раъй овоз доданд ва интихобот "баргузор шуд". Азбаски нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз мушоҳидаи интихобот даст кашида ва аксар расонаҳои мустақилу байнулмилалӣ барои бозтоби ин корзори сиёсӣ иҷоза надоранд, расман дар бораи қонуншиканӣ гузориш нарасидааст. Дар интихоботҳои пешина овоздиҳии як нафар ба ҷойи чанд кас ва партофтани бастаи варақаҳо ба сандуқи раъйдиҳӣ аз қонуншиканиҳои маъмул буд.
"Ҳарчӣ дилашон хост, ҳамон мешавад"
Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, ба бойкоти интихобот даъват кард. Раҳбари ин созмони мухолиф, Шарофиддин Гадоев, мегӯяд, "мутаассифона, интихобот дар Тоҷикистон ба як намоиш табдил ёфтааст."
"Вакилони Маҷлиси Намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллӣ таъйинотӣ ҳастанд. Гузарондани интихобот барои режими кунунии Тоҷикистон танҳо расмигардонии ҳокимият аст. Аъзои порлумон дар Тоҷикистон бо хоҳиши як оила ва як гурӯҳ ба сари кор меоянд ва тамоми хоҳишҳои ин хонаводаро иҷро мекунанд," -- афзуд ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, бовар дорад, ки “ҳукумат ба авҷи диктатура расидааст”.
Ӯ гуфт: “Ҳукуматҳои диктаторӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба ин натиҷа расидаанд, ки дигар ҳеч кишвару ниҳоди байнулмилалӣ тавон ё майли интиқод аз вазъи ҳуқуқи башар ё тақаллуб дар интихоботҳоро надорад. Ва онҳо ҳар чӣ дилашон мехоҳад нисбат ба миллат, порлумон ва қонунҳои худ хоҳанд кард. Ман фикр мекунам, мардум бояд ба натиҷае бирасанд, ки ба ҷуз аз худашон ҳеч кас наметавонад ин вазъро дигар кунад.”
Дилшод Шарифов, раиси “Гурӯҳи 24”, созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, “саҳначаеро бо номи интихобот қабул надорем.” Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, “аксар мардум на номи ҳизбҳоро медонанд ва на аз барномаи номзадҳо хабар доранд.”
“Охирин ҳизби мустақиле, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекард, Ҳизби сотсиал-демократ буд. Пас аз барканорӣ ва марги раҳбари пешинааш, Раҳматилло Зоиров, ба як ҳизби “кисагӣ” мубаддал гашт. Ва охирин сиёсатмадори мустақил дар дохили ҷумҳурӣ Шокирҷон Ҳакимов буд. Пас аз зиндонӣ кардани ӯ дар кишвар на ҳизби мустақил монд, на ягон сиёсатмадор,” – гуфт Шарифов.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар пайванд ба интихоботи порлумонӣ на анҷуман баргузор кард ва на номзаде пешниҳод намуд. Намояндагони ҳизб далели чунин рафторро шарҳ надоданд. ҲСДТ дар соли 2020, замони раёсати Раҳматилло Зоиров, баргузории интихоботи президентиро ғайриқонунӣ номида, бойкот карда буд.
Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, дар гузашта раҳбари дафтари Ҳизби сотсиал-демократ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Ӯ дар интихоботи порлумонии соли 2010 ширкат дошт, вале тавре худаш мегӯяд, овози ҷонибдоронашро ҳифз карда натавонист.
“Дар соли 2015 ҳам дар интихобот ширкат кардам, вале маълум буд, ки тасмим дар боло гирифта шудааст ва ҷузъитарин рақобатро ҳам иҷозат нахоҳанд дод. Аз соли 2020 ба ин сӯ интихоботҳо дар Тоҷикистон ба тарзи замони шӯравӣ сурат мегиранд ва дигар маънои вожаи интихоботро намедиҳанд,” – шарҳ дод ӯ.
"Итоаткор ва фармонбардор"
Иззатулло Дадабоев, як фаъоли сиёсӣ, ҳам ба ин назар аст, ки “интихоботи рӯзи 2-юми март дар Тоҷикистон интихобот не, балки таъйинот аст.”
Ӯ мегӯяд, “мардум дар Тоҷикистон ҳаққи интихоб надоранд. Ҳатто номзадҳои ниммустақмил сабтином нашудаанд. Низом танҳо ба шахсони итоаткор ва фармонбардор иҷозат медиҳад. Рақобати сиёсӣ нест. Ҳизбҳои тобеи ҳукумат номзадҳои худро пешбарӣ мекунанд, тамом. Интихоботи воқеӣ вуҷуд надорад.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Дар интихоботи порлумонии 2-юми марти соли 2025 барои 63 курсии порлумон 68 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурӣ ва 152 номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ мубориза мебаранд.
Ҳоло аксар курсиҳои порлумон дар ихтиёри ҳизби ҳокими халқӣ-демкоратӣ бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Интизор меравад, ин вазъ тағйире нахоҳад кард.
Аз замони эълони истиқлол дар Тоҷикистон бори ҳафтум аст, ки интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Созмону кишварҳои ҳампаймон, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамеша интихоботҳоро дар Тоҷикистон дуруст шумурдаанд. Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR)-и САҲА дар умум ҳашт интихоботи порлумонӣ ва президентиро назорат кардааст, ҳеч корзори сиёсиро дар Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф надонистааст.