Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои идомаи ҳукмронии як шахс." Вокуниш ба интихобот дар Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми раъйдиҳӣ. Шаҳри Душанбе, 2-юми марти 2025
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми раъйдиҳӣ. Шаҳри Душанбе, 2-юми марти 2025

Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумат, интихоботи порлумониро дар Тоҷикистон маҳкум кард ва гуфт, ки натиҷаҳои онро намепазирад.

Интихобот рӯзи 2-юми март бе ҳузури намояндагони мухолифон, нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва баъзе аз расонаҳои мустақили дохилӣ ва байнулмилалӣ баргузор шуд. Кумисюни марказии интихобот мегӯяд, танҳо дар шаш соати аввал тақрибан шаст дарсади мардум раъй доданд ва интихобот "ошкору шаффоф" гузашт.

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Амстердам, ин корзори сиёсиро "сохтакорӣ" номид. Вай рӯзи 3-юми март дар баёянияе гуфт: "Ҳеч рабте ба принсипҳои интихоботи демократӣ надошта, намунаи навбатии ғасби ҳокимият аз ҷониби режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад."

"Интихобот як саҳнасозии қаблан тарҳрезишуда буд, ки бо нақзи ошкори қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ танҳо барои идомаи ҳукмронии як шахс ва оилаи ӯ ташкил карда шуд," – афзуд ӯ.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Кумисюни марказии интихобот мегӯяд, аз панҷуним миллион аҳолии қобили раъй беш аз 85 дарсад ба пойи сандуқҳои овоздиҳӣ рафтанд.

Гадоев иддао дорад, ки "ин рақам комилан бардурӯғ буда, бо иштироки воқеӣ ҳеч иртибот надорад. Бар асоси маълумоти манбаъҳои мустақил, дар асл, шумораи воқеии иштирокдорон дар интихобот ҳамагӣ 304 ҳазору 301 нафарро ташкил дода, ки танҳо 5,51% аз шумораи умумии интихобкунандагон мебошад."

Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин иддао феълан маълум нест. Дар интихоботҳои пешина ҳузури ками раъйдиҳандагон, овоздиҳии як нафар ба ҷойи чанд кас ва партофтани бастаи варақаҳои пуршуда ба сандуқҳои раъйдиҳӣ сабт шуда буд.

Маҷлиси Намояндагон аз 63 курсӣ иборат аст. Дар интихоботи порлумонии рӯзи 2-юми март дусад кас, асосан намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва панҷ ҳизби дигари рӯ ба ҳукумат, вориди корзор шуданд. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки қаблан созмони мухолиф номбар мешуд, на анҷуман орост ва на номзад пешниҳод кард. Далелаш ҳам маълум нест.

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон интихоботи порлумонии соли 2025-ро "фиреб ва амали зидди Қонуни асосӣ" номидааст, ки "ҳеч далеле барои эътироф шудан надорад." Ин созмони воқеъ дар Амстердам аз кишварҳои демократӣ ва ниҳодҳои байнулмилалӣ даъват кардааст, ки "алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон ва шахсоне, ки дар тақаллуби интихобот, саркӯби мухолифин ва поймоли дағалонаи ҳуқуқи инсон даст доранд, таҳримот ҷорӣ кунанд."

Ин интихоботи ҳафтуми порлумонӣ аз замони истиқлоли Тоҷикистон аст. Созмону кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамеша интихоботҳоро дар кишвар дурусту қонунӣ шумурдаанд.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR)-и САҲА ҳеч корзори сиёсиро дар Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф надонистааст.

XS
SM
MD
LG