Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон огоҳ кардааст, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҳаққи бозтоби интихоботи порлумонӣ маҳруманд.
Носирҷон Салимӣ, роҳбари маркази матбуотии КМИР, рӯзи 25-уми феврал дар номаи ҷавобӣ ба Радиои Озодӣ сабабро “гузаронидани муҳлат барои дарёфти аккредитатсия” номидааст.
Ин нома дар ҳоле дастрас шуд, ки Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми феврал аз раиси КМИР, Бахтиёр Худоёрзода, хоста буд, яке аз ҳамкоронаш “дар мавриди иштироки нозирон ва хабарнигорону расонаҳои маҳалливу байнулмилалӣ дар интихобот” гап занад.
Кумисюни марказии интихобот дар посух навиштааст, “Дафтари намояндагии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ҳуқуқи инъикос кардани раванди интихоботро надорад.”
“Маълумоти мавриди таваҷҷуҳро метавонед аз сомонаи Комиссияи марказии интихобот... ва воситаҳои ахбори омма, ки аккредитатсия шудаанд, дастрас намоед,” – гуфта шудааст дар нома.
Рӯзи охири сабтиноми расонаҳо барои бозтоби интихоботи порлумонӣ 10-уми феврали соли 2025 таъйин шуда буд. Вале бархилофи интихоботҳои гузашта огоҳӣ дар ин бора танҳо дар як гӯшаи вебсайти КМИР нашр шуда, дар расонаҳои дигар бозтоб наёфтааст.
Дар ҳар сурат, намояндагии Радиои Озодӣ дар Душанбе рӯзи 10-уми феврал, баробари хабардор шудан, бо масъулони Кумисюни марказии интихобот суҳбат дошт ва дархости сабтиноми хабарнигоронро дар миён гузошт, вале посухи рад гирифт.
Ба гуфтаи як манбаи наздик ба КМИР, танҳо расонаҳои давлатӣ ва бархе аз расонаҳои Русия ҳаққи бозтоби интихоботро дарёфт кардаанд.
Аз ин пеш, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо эълон кард, ки нозиронаш ҷараёни интихоботи порлумонии моҳи мартро дар Тоҷикистон назорат намекунанд. Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон “набудани кафолат дар бораи сабтином ё аккредитатсияи нозирон”-ро далел овард.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ба таҳрим ё бойкоти интихоботи порлумонӣ даъват кард. Ин созмон интихоботро дар Тоҷикистон “раванди сохташуда” номид, ки “ҳадафи асосии он ҳифз ва қонунигардонии ҳокимияти худкома аст”.
Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор хоҳад шуд. Шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон, ки яке ҳизби ҳоким ва боқимонда ошкоро сиёсати ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунанд, номзадҳои худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кардаанд. Ҳизби сотсиал-демократ, ягона ҳизби мухолиф дар дохили кишвар, на анҷуман орост ва на номзаде пешниҳод кард.