Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдо аз мақомаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Абдураҳмон Абдураҳмонзода таъин шудааст.
Вакилони мардумӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои қабули санаде раъй доданд, ки монеаи аслиро барои аз сар гирифтани кори идораҳои ҳукумати марказӣ аз байн бардошт.
Сидни Кемлегер-Дав, вакили Маҷлиси намояндагони Амрико ва узви зеркумитаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, дар поёни ҳафтаи гузашта дар бораи зарурати ҳамкориҳои наздики Вашингтон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Радиои Озодӣ мусоҳиба дод.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфтааст, ки созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Амрико ба ду кишвар миллиардҳо доллар фоида хоҳад овард.
Аҳмад Шаръ, президенти муваққатии Сурия бори нахуст бо сафари расмӣ ба Вашингтон сафар кардааст.
Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико дар бораи ҳамкориҳои оянда ва қарордодҳои бузурги тиҷоратӣ сӯҳбат карданд.
Раисҷумҳури Амрико хоҳони мустаҳкам кардани робитаҳои Вашингтон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд. Доналд Трамп ин ҳарфҳоро рӯзи 6-уми ноябр дар мулоқот бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Кохи Сафед баён дошт.
Баръакси Қаҳҳор Маҳкамов, ки ба тағйири Конститутсия розӣ нашуд ва истеъфо дод, бо пешниҳоди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар сӣ соли охир се бор Қонуни асосӣ иваз шуд ва ба гуфтаи мухолифон, ҳадафи тағйирот танҳо таҳкими ҳукумати хонаводагӣ дар Тоҷикистон будааст.
Афви Байнулмилал ё Amnesty International, як созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз раисҷумҳури Амрико ва аъзои Конгресс хостааст, ки ҳангоми суҳбат бо роҳбарони Осиёи Марказӣ риояи ҳуқуқи инсонро дар маркази гуфтугӯ қарор диҳанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 6-уми ноябр дар Вашингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳида, бо раҳбарони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот мекунад.
Президенти Қирғизистон таъсиси як бонкро аз тарафи писари хурдиаш шарҳ дод. Ба гуфтаи Содир Ҷабборов, бонки "Баракат" ширкати хусусист ва барои ҳамин бадие надорад, агар писари ӯ ба тиҷорат машғул шавад.
Ёфтҳои бештар