Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумонӣ дар Олмон нишон медиҳад, ки Ҳизби иттиҳоди демократ-масеҳӣ ба пирӯзӣ расидааст. Ин ҳизб муваффақ шуд, ки тақрибан сӣ дарсади орои интихокунандагонро аз худ кунад.
Ҳизби "Алтернатива барои Олмон" бо ба даст овардани ҳудуди 20 дарсади оро, дар мақоми дувум қарор дорад.
Ҳизби SPD, зери раҳбарии Олаф Шолтс, садри аъзами феълӣ, бо беш аз 16 дарсад дар ҷойгоҳи севум қарор гирифт.
Натиҷаҳо соати шаши рӯзи 23-юми феврал эълон шуд ва Фридрих Мертс, раҳбари Ҳизби демократ-масеҳӣ гуфт, ба зудӣ ҳукумати навро ташкил хоҳад дод. Тарафдорони ин ҳизб пас аз эълони натиҷаҳо дар яке аз қароргоҳҳои ин ҳизб дар Берлин пирӯзиашро ҷашн гирифтанд.
Ба гузориши хабаргузориои Олмон, мизони мушорикат дар интихобот 80,3 дарсад буд, ки баландтарин рақам аз замони иттиҳоди ду Олмон дар соли 1990 ба шумор меравад. Мизони иштироки интихобкунандаҳо дар интихоботи соли 2021-ум 76,4 дарсад буд.
Фридрих Мертси 69-сола, ки аз соли 2022 раҳбарии Ҳизби демократ-масеҳиро бар уҳда дорад, дар ҳукумати Олаф Шолтс низ раҳбари гурӯҳҳои мухолиф дар порлумон буд. Ӯ дар даврони ҳукумати Ангела Меркел аз сиёсатӣ дурӣ кард, аммо дар соли 2018 бори дигар вориди арсаи сиёсӣ шуд.
Ҳангоми маъракаи интихоботӣ ҳизби Фридрих Мертс асосан бар коҳиши молиёт (андоз), бозсозии артиш ва ислоҳи қонунҳои муҳоҷират ва паноҳандагӣ, таъкид карда буд.