Баҳси лафзӣ миёни Доналд Трамп, президенти ИМА ва Владимир Зеленский, президенти Украина ғайриинтизор тундтар шудааст. Трамп аз Зеленский интиқоди сахт кард ва ӯро "диктатори бе интихобот" хонд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Испания дар тирамоҳи соли 2024 гуфтанд, ки як шабакаи интиқоли маводи кимиёиро ба Русия ошкор карданд. Маҳсулоте, ки бар асоси таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо фиристодани онҳо ба Русия манъ аст.
Маъмурияти президент Доналд Трамп мегӯяд, барои расидан ба сулҳ дар Украина бо ҷониби Русия гуфтугӯро идома медиҳанд.
Иттиҳоди Аврупо дар остонаи сеюмин солгарди ҳамлаи Русия ба Украина, алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки эҳтимолан моҳи ҷорӣ бо Владимир Путин, президенти Русия, мулоқот кунад.
Аввалин музокироти мақомоти баландпояи ИМА ва Русия, ки аз замони оғози ҷанг дар Украина баргузор шуд, ба анҷом расид.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, бо ишора ба ин ки мумкин аст ба зудӣ бо президенти Русия дидор кунад, гуфт, Маскав ва Киев хоҳони поёни ҳарчӣ зудтари ҷанг ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, мақомҳои баландпояи Амрико барои мулоқот бо мансабдорони Русия озими Арабистони Саудӣ шуданд.
Саннет баъди издивоҷи дубора нигоҳубини ду фарзанди худро, ки ҳанӯз 12-сола нестанд, аз даст дод. Додгоҳе дар Қафқози Шимолии Русия соли 2024 қазияро ба фоидаи ҳамсари собиқи вай анҷом дод. Шавҳараш гуфтааст, намехоҳад, ки фарзандон дар дасти падарандар калон шаванд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, аҳволи кишвараш бе кӯмаки Амрико дар муқовимат ба зидди таҷовузи Русия “бисёр ва бисёр бад мешавад.”
Гузориши тозаи Идораи омори Эрон нишон медиҳад, ки тақрибан сеяки мардуми Эрон рӯзона камтар аз ду доллар даромад доранд ва барои хариди маводи зарурӣ ба сахтӣ пул меёбанд.
Порлумони Қирғизистон қонунеро қабул кард, ки истифода аз насабҳои қирғизиро ташвиқ мекунад. Дар ин кишвар аксарият ҳанӯз пасвандҳои русиро дар насабҳояшон ба кор мебаранд.
Андрей Кузнечук, хабарнигори бахши белорусии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, аз зиндон раҳо шуд. Ӯ ба иттиҳомҳое, ки худ, корфармояш, мақомоти амрикоӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар онро сиёсӣ хонда буданд, зиндонӣ шуда буд.
Ёфтҳои бештар