Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қизи" ба ҷои "ева". Даст кашидан аз пасвандҳои русӣ дар Қирғизистон


Порлумони Қирғизистон
Порлумони Қирғизистон

Порлумони Қирғизистон қонунеро қабул кард, ки истифода аз насабҳои қирғизиро ташвиқ мекунад. Дар ин кишвар аксарият ҳанӯз пасвандҳои русиро дар насабҳояшон ба кор мебаранд.

Хабарнигор ва сиёсатмадор Нурланбек Турғунбекович Шакиевро ду даҳсола боз дар Қирғизистон хуб мешиносанд. Ӯ чанде пеш эълон кард, ки пасванди русиро аз номаш бурид, насаби падариашро ҳам бардошт ва исмашро комилан ба қирғизӣ иваз кард. Ҳоло дигар Нурланбек Турғунбек улу аст.

Нурланбек Турғунбек улу
Нурланбек Турғунбек улу

Ӯ дар як шарҳ дар Фейсбук дар бораи тағйири ном ва бо таъкид ба арзишҳои миллӣ, ҳувият ва дину оинҳои миллӣ навишт: "Ман дар як шаб ин тасмимро нагирифтам, ин орзуи деринаи ман буд."

Порлумони Қирғизистон рӯзи 6-уми феврал қонунеро қабул кард, ки дар он истифода аз насабҳои қирғизӣ тарғиб мешавад. Ба қавли муаллифони қонун, ҳадаф “васеъ кардани интихоб аз насабҳои қирғизӣ бо такя ба расму оин ва фарҳанги қирғизӣ аст.”

Бозгашт ба истифода аз насабҳои миллӣ ва даст кашидан аз пасвандҳои русӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар соли 1991 дар Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ роиҷ шуд. Аммо бо гузашти муддате ин “мӯд” ба қавле фурӯ нишаст, чун фақру бекории густурда дар минтақа миллионҳо нафарро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбур кард, барои ҷустуҷӯи кор ба Русия бираванд.

Чанде аз муҳоҷирон, ки бо Радиои Озодӣ суҳбат карданд, гуфтанд, ки бозгардондани пасванди русӣ ба номҳояшон осонтар буд. Ҳоло вазъ дигар мешавад ва ба қавли чанде аз коршиносон, даст кашидан аз пасвандҳои русӣ дар насаб ба таҷовузи васеъмиқёси Русия ба Украина дар соли 2022 рабт дорад, чун мардуми зиёде дар минтақа мухолифи он буданд ва ҳастанд.

Дар аввали солҳои 2000-ум даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Қирғизистон насабҳои худро тағйир дода, аз пасвандҳои “ов”, “ев”, “ова” ва “ева” даст кашиданду пасвандҳои қирғизии “улу” ва “қизи”-ро гузоштанд. Дар қонуни нави Қирғизистон пасвандҳои нави миллӣ барои ному насаб пешниҳод шудаанд, ба мисли тегӣ, дин ё ден, ки пасвандҳо барои ному насабҳои мардон ва занон ҳастанд.

Айни замон бар асоси қонун мардум дар интихоби ному насаб озоданд ва метавонанд, ҳамчунон насаб бо пасвандҳои русиро интихоб кунанд. Камшуморон ё ақаллиятҳои миллӣ ҳам дар интихоби ному насаб озоданд ва метавонанд, бар асоси забону фарҳанги худ ном гузоранд, ё интихоб кунанд.

Номҳои сирф тоҷикӣ

Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки соли 2016 расман истифода аз пасвандҳои русиро манъ кард. Ба мардум ҳам дастур доданд, ки фақат номҳои тоҷикии асилро ба фарзандони худ бигузоранд.

Айни замон феҳрасти номҳои тоҷикӣ таҳия шуд, ки мардум берун аз он ҳақ надоранд, номеро интихоб кунанд. Ҳадафи ин корро мубориза бо истифода аз номҳои арабиву исломӣ медонанд, ки дар Тоҷикистон якбора ривоҷ гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соли 2007 пасванди русиро аз насабаш бардошт ва ягона раҳбар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ин корро кардааст.

Узбекистон ва Қазоқистон дар миёнаи солҳои 1990-ум бо қабули қонун ба шаҳрвандони хеш иҷоза доданд, ба фарзандонашон мутобиқ ба фарҳангу расму ойинҳои миллӣ ном бигузоранд. Агарчӣ бисёре аз мардуми Узбекистон ҳамчунон ба истифодаи пасванди русӣ бартарӣ медоданд, дар Қазоқистон тағйири ном маҳбубият пайдо кард ва бахусус дар байни зиёиён ва насли нав. Туркманистони пӯшида барои аксарият то кунун истифодаи пасвандҳои русиро дар насаб ҳамчунон нигаҳ доштааст.

Талошҳо дар Осиёи Марказӣ барои тағйири номи шаҳру рустоҳо, кӯчаву мактабҳо низ идома дорад. Қазоқистон барномаи тағйири номҳои кӯҳнашудаи идеологӣ барои солҳои 2022-2025-ро қабул кардааст. Ингуна ҳаракатҳо ба Русия, ки нуфузи зиёде дар минтақа дорад, хуш намеояд.

Моҳи ноябри соли 2022 вакилони мардумии Русия аз ташаббуси Қирғизистон ба хашм омаданд, ки мехостанд, номи чаҳор ноҳия дар шаҳри Бишкекро тағйир диҳанд ва ба ҷойи номи ноҳияҳои Ленин, Свердлов, Якуми Май ва Октябр номҳои қирғизӣ бигузоранд. Сиёсатмадорони рус ва матбуот ин ташаббусро “ғайрирусӣ сохтани Бишкек” номида танқид қарданд ва гуфтанд, ки ин маърака бояд дар марҳилаи ибтидоиаш “қатъ карда шавад.”

Эҳсоси омехта

Алишер Илҳомов
Алишер Илҳомов

Алишер Илҳомов, коршиноси муқими Лондон, мегӯяд, эҳёи майли бозгашт ба “номҳои аслӣ дар Осиёи Марказӣ дар солҳои охир ба сабаби таҷовузи Русия ба хоки Украина аст.”

Ғазиза Узоқ, хабарнигори қазоқ, ки ӯ ҳам пасванди ова-ро аз насабаш бардоштааст, мегӯяд: “Ин ҳаракат баёнгари иштиёқи амиқи мо барои барқарории ҳувияти миллӣ аст, ки солҳои зиёд таҳти фишори зиёд буд.” Вале ҳама ба ин тағйир мойил нестанд ва мегӯянд, мехоҳанд баръаксашро кунанд.

Бар асоси омори расмӣ, соли 2024 дар Қирғизистон 323 нафар пасвандҳои русиро аз номҳои худ бардошта ва сирф қирғизӣ кардаанд. Айни замон онҳое, ки аз насабҳои милли худ даст кашида, пасвандҳои русиро ба он изофа кардаанд, аз 3000 ҳам гузаштааст.

XS
SM
MD
LG