Фиристодаи Амрико барои Украина ва Русия гуфт, дар сурати музокирот барои хотима додан ба ҷанги Русия дар Украина, мумкин аст, Аврупоро ба он роҳ надиҳанд.
Кейт Келлог дар Нишасти амниятии Мюнхен рӯзи 15-уми феврал гуфт, Амрико саъй дорад, дар ҳафтаҳои оянда дар ин музокирот пешрафтҳои чашмгире ба даст биёрад ва афзуд, ки онҳо мутобиқ ба “вақтгузории Трамп” кор мекунанд.
Кейт Келлог гуфт: "Ӯ аз шумо мехоҳад, ки ин корро имрӯз кунед ва фардо аз шумо мехоҳад, бидонад, ки чаро ин кор анҷом нашудааст. Шумо бояд ба мо фурсату замон бидиҳед, вале ман ҳоло 6 моҳро дар назар надорам, дар бораи рӯзҳову ҳафтаҳо суҳбат мекунам."
Дар миёни ин нигарониҳо, ки баъд аз гуфтугӯйи Доналд Трамп ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин Киев ва Иттиҳоди Аврупо аз музокирот канор мемонанд, Келлог гуфт, Аврупо дар канор нахоҳад монд. Трамп баъд аз суҳбати телефонӣ бо Путин гуфт, ки музокирот барои поён додан ба ҷанг бояд фавран оғоз шавад.
"Шумо бояд муттаҳидонатонро ҳам бо худ биёред. Оё онҳо ҳам нақше ифо мекунанд, албатта, мекунанд. Шумо наметавонед, бе ҳузури ягон нафари онҳо ин корро анҷом диҳед. Мо мехоҳем, тазмин диҳем, ки сулҳ пойдор ва доимӣ мемонад," -- гуфт Кейт Келлог.
Дар посух ба ин суол, ки оё шумо ба мухотабонатон дар инҷо итминон медиҳед, ки "оё украиниҳо ва аврупоиҳо дар мизи музокирот хоҳанд буд?" Келлог гуфт: "Посух ба қисмати дувуми суоли шумо “на” ва ба қисмати аввалӣ “бале” аст. Албатта украиниҳо онҷо хоҳанд буд."
Ҳеч нақшаи хосе дар бораи музокирот эълон нашудааст, аммо хабаргузории Блумберг ва нашрияи Политико бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Амрико гуфтаанд, ки намояндагони баландпояи Амрико ва Русия ҳафтаи оянда дар Арабистони Саудӣ мулоқот мекунанд. Ҳарду гузориш додаанд, ки интизор меравад, мақомоти Украина ҳам дар гуфтугӯҳо бошанд, вале Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар Мюхен ба хабарнигорон гуфт, аз ҳеч даъватномае хабар надорад.
Пештар аз ин ӯ дар мусоҳибае, ки қабл аз суханронииаш дар нишасти амниятии Мюнхен, телевизиони NBC News дар Амрико нашр кард, гуфт: “Эҳтимол бисёр, бисёр ва бисёр сахт мешавад. Албатта, шумо ҳам медонед, ки дар ҳар замони сахт, шумо як шанс доред, аммо мо бе кумаки Амрико шанси бисёр кам, барои наҷот хоҳем дошт."
Зеленский рӯзи 14-уми феврал дар ҳамоиш ва нишастҳои хабарӣ дар Нишасти амниятии Мюнхен ширкат дошт ва саъй кард, то роҳи ҳалле барои қатъи ҷанг пайдо намояд. Пештар аз ин Владимир Зеленский дар суҳбат бо муовини президенти Амрико Ҷеймс Девид Ванс гуфт, Украина пеш аз ҳаргуна музокирот бо Русия барои поён додан ба ҷанги тақрибан сесола аз Вашингтон “замонатҳои амниятӣ” мехоҳад.
Зеленский дар мусоҳиба бо NBC News гуфт, ӯ намехоҳад дар ин бора биандешад, ки Амрико шарики стратегии Украина намешавад, чун рӯҳияи мардуми Украиана осеб мебинад, вале афзуд, “мо бояд дар ин бора биандешем.”
Амрико бо баёниҳои гуногун дар бораи Украина дар бораи ояндаи ҷанг нигаронии мақомоти Украинаро барангехт, чун ба андешаи баъзеҳо мумкин аст, Амрико Киевро маҷбур кунад, ки созиши бадеро бо Русия қабул намояд ва сабаби далертар шудани Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия бишавад.
Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико, ҳам аввали ҳамин ҳафта гуфт, бозгашти Украина ба марзҳои пеш аз соли 2014 “ғайривоқеӣ” ба назар мерасад ва қабули Украина ба НАТО ҳам аз назари Вашингтон бахше аз роҳи ҳалли муноқиша буда наметавонад. Украина мехоҳад, Русия нерӯҳояшро ба тамом аз қаламравҳои он берун кунад ва ба узвияти НАТО қабул шавад, ё баробар ба он замонати амниятӣ бигирад, то Русия дигарбора ба он кишвар ҳамла накунад.
Ҷеймс Дейвид Ванс рӯзи 14-уми феврал гуфт, ки шарикони аврупоии Амрико дар НАТО бояд барои муҳофизати худ ва таъмини амният дар Украина кори бисёр бештар кунанд. Ҳегсет афзуд, зарур нест, ки барои музокирот бо Русия “шумо ба президент Путин бовар дошта бошед.”
Ду рӯз пештар аз ин Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт, бо Владимир Путин гуфтугӯи телефонии “дароз ва бисёр босамар” доштааст ва ҳарду тараф мувофиқа кардаанд, ки ҳайатҳояшон бояд фавран ба музокирот оғоз кунанд. Зеленский дар вокуниш гуфт, ки ҳеч созишеро бидуни ҳузури Украина дар музокирот қабул намекунад.
Ҳангоми посух ба ин суол, ки оё ба андешаи ӯ баъди созиши оташбас ҳам Украина барои чанд соли дигар, осебпазир мемонад, Зеленский гуфт, “мумкин аст, чунин бошад”. Ба қавли раиси ҷумҳури Украина, Владимир Путин мехоҳад барои он музокира кунад ва созиши оташбас ба даст биёрад, то баъзе аз таҳримот ба зидди Русияро бардоранд ва ба Маскав иҷоза диҳанд, нерӯҳояшро аз нав ҷо ба ҷо кунад. Зеленский афзуд: “Воқеан ӯ ҳамин чизро мехоҳад. Мехоҳад, танаффус кунад, омода шавад, тамрин кунанд, баъзе тамринҳо бардошта шаванд.”
Ҷеймс Дейвид Ванс, ки дар нишасти раҳбарони бонуфуз ва сиёсатгузорони хориҷӣ Доналд Трампро намояндагӣ мекунад, гуфт, ки бо намояндагони Украина “муколамаҳои хубе” доштааст ва чунин гуфтугӯҳо “дар рӯзҳо, ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда зиёдтар хоҳанд шуд.”
Зеленский ҳам гуфт, ки бо муовини раиси ҷумҳури Амрико “гуфтугӯи хубе” доштааст ва афзуд, Киев мехоҳад, барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина ҳаракат кунад, вале афзуд, ки “мо кафолатҳои воқеии амниятӣ мехоҳем.”