Гуфтугӯи намояндагони ду кишвар дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Сауди беш аз панҷ соат идома кард. Ин музокирот бахше аз талошҳои дипломатии Амрико барои поён додан ба ҷанг дар Украина гуфта мешавад. Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин мавзӯи фароҳам кардани вохӯрии роҳбарони Амрико ва Русия баррасӣ шудааст.
Пас аз анҷоми музокирот мақомоти Русия ба хабарнигорон гуфтанд, ки ин гуфтугӯҳо қадами нахуст буд. Ба гуфтаи Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, мулоқот "хуб гузашт".
Ушаков ҳамчунин афзуд, ки ду тараф ба мувофиқа расиданд, ки намояндагони ду кишвар вазъият дар Украинаро баррасӣ кунанд. Мақомдори рус илова кард, ки ба таври мухтасар дар бораи мулоқоти эҳтимолии Путин ва Трамп ҳам гап задаанд, ҳарчанд ба гуфтаи Юрий Ушаков дар бораи санаи дақиқи ин вохӯрӣ суҳбат кардан барвақт аст.
Департаменти давлатии ИМА хабар додааст, ки ҳайатҳои ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки барои ба эътидол овардани равобити дипломатӣ дар равобити худ “хашмро канор гузоранд.”
Марко Рубио, котиби давлатии ИМА таъкид кардааст, ки дар пеш кори зиёд аст ва вохӯрии имрӯза “қадами нахуст дар роҳи дароз ва тӯлонӣ буд.” Рубио гуфтааст, Амрико тарафдори як сулҳи пойдор ва одилона дар Украина мебошад.
Тэмми Брюс, сухангӯи Департаменти давлатии Амрико дар баёнияе гуфтааст, ки Маскав ва Вашингтон ҳамчунин ба таъини гурӯҳҳои баландпоя барои музокирот дар бораи Украина мувофиқат кардаанд. Мақомдори амрикоӣ афзуд, “барои ҳарчӣ зудтар хотима додан ба ҷанг дар Украина кор мекунем. Мо талош мекунем роҳе ёбем, ки барои ҳама қобили қабул бошад.”
Ба нишаст дар Арабистони Саудӣ намояндагони Украина даъват нашуданд ва тарҳ барои поёни ҷанг ҳам маълум нест.
Владимир Зеленский бо нигаронӣ аз ҳузур надоштани намояндагони кишвараш дар нишасти Арабистон гуфт, Киев “ҳама гуна музокира дар бораи Укараина бе ҳузури Украинаро бенатиҷа медонад. Ҳеч созише, ки бе мо баррасӣ шудааст, қабул надорем ва онро эътироф ҳам намекунем.”
Марк Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико таъкид кардааст, ки дар нишастҳои аслӣ барои сулҳ ҳатман тарафи Украина даъват хоҳад шуд.
Доналд Трамп, президенти ИМА аз замони бозгаштан ба Кохи Сафед борҳо эълон кардааст, ки барои қатъи ҷанг дар Украина талош мекунад. “Мо ба пеш ҳаракат дорем. Талош дорем, ки ба сулҳи миёни Русия ва Украина даст ёбем ва барои ин сахт кор мекунем. Ин ҷанг ҳеҷ гоҳ бояд оғоз намешуд,”-гуфт Трамп.