Украина ба имзои ҳуҷҷате розӣ шудааст, ки иҷоза медиҳад, Иёлоти Муттаҳида ба манобеи табиии ин кишвар дастрасӣ пайдо кунад. Ин созишномаи муҳим дар пасманзари талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанги сесолаи Русия дар Украина ба даст омадааст.
Манбаъҳои огоҳ ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтаанд, ки Амрико ва Украина бар сари пешнависи қарордоде, ки дастрасии Вашингтонро ба манбаъҳои табиии Украина дар ивази ҳимоят аз Киев фароҳам мекунад, ба созиш расиданд.
Раисҷумҳури Фаронса рӯзи 24-уми феврал гуфт, созиши миёни Украина ва Русия метавонад “ҳафтаҳои наздик” ба даст ояд, вале ҳамзамон огоҳ кард, ки ин сулҳ ба маънои “таслим шудани Украина” нест.
Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумонӣ дар Олмон нишон медиҳад, ки Ҳизби иттиҳоди демократ-масеҳӣ ба пирӯзӣ расидааст. Ин ҳизб муваффақ шуд, ки тақрибан сӣ дарсади орои интихокунандагонро аз худ кунад.
Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, омодааст, ба хотири сулҳ дар кишвараш аз мақоми худ истеъфо диҳад. Ӯ яке аз роҳҳои расидан ба сулҳро дар пазируфтани Украина ба созмони низомии НАТО донист.
Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 22-юми феврал гуфт, аз Украина мехоҳад, миллиардҳо долларе, ки аз Амрико барои ҳифзи ин кишвар аз таҷовузи Русия ба даст овардааст, пас гардонад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупову Украина ду қатъномаи дигаргунаро ба муносибати севвумин солгарди таҷовузи Русия ба хоки Украина пешниҳод кардаанд.
Тибқи гузоришҳо, Арабистони Саудӣ бо ҳадафи таъмини суботу амният дар минтақа ва маҳдуд кардани ҷоҳталабиҳои ҳастаии Эрон, пешниҳоди миёнҷигарӣ дар музокироти байни ду рақиби суннатӣ -Эрон ва Амрикоро додааст.
Ду гумонбари афғонистонӣ, дар ду ҳамлаи ҷудогона, ки ҳафтаҳои ахир Олмонро такон дод, шиносоӣ шуданд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия музокирот миёни Амрико ва Русия дар Арабистони Саудиро "бисёр муҳим" хонд ва онро "қадами нахуст" дар ростои барқарории робитаҳо бо Вашингтон донист.
Баҳси лафзӣ миёни Доналд Трамп, президенти ИМА ва Владимир Зеленский, президенти Украина ғайриинтизор тундтар шудааст. Трамп аз Зеленский интиқоди сахт кард ва ӯро "диктатори бе интихобот" хонд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Испания дар тирамоҳи соли 2024 гуфтанд, ки як шабакаи интиқоли маводи кимиёиро ба Русия ошкор карданд. Маҳсулоте, ки бар асоси таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо фиристодани онҳо ба Русия манъ аст.
Ёфтҳои бештар