Пайомадҳои ҷанги Амрико ва Эрон саросари минтақаи Ховари Миёнаро таҳти таъсир қарор дода, дар ин миён ба гуфтаи Фуод Ҳусайн, вазири корҳои хориҷии Ироқ, кишвараш бо фишорҳои иқтисодӣ ва амниятии афзоянда рӯ ба рӯ шудааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 30-юми сентябр эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида вазифаҳояшро дар Ироқ такмил намуд ва ин кишварро бо хотири ҷамъ ба сарвазири нав месупорад.
Олешки, шаҳре дар 9-километрии вилояти Херсони Украина, ки зери ишғоли нерӯҳои Русия мебошад, дар остонаи як фоҷиаи инсонӣ қарор гирифтааст.
Ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон мегӯяд, рӯзи якуми октябр бар асари ҳамлаи ҳавоии Покистон се хона вайрон шуда, камаш 9 нафар ҷон бохт. Аммо ба қавли мақомоти Покистон, ҳадаф аз ҳамла паноҳгоҳҳои даҳшатафканон буда, дар натиҷаи он “22 террорист кушта шудааст”.
Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва хабаргузории давлатии Имороти Муттаҳидаи Араб, дидори раҳбарони ду кишвар дар Абу Забиро тасдиқ карданд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 25-уми сентябр гуфт, Маскав барои ҳеч гуна даргирӣ бо Аврупо омода намешавад.
Муфаттишон дар Украина даст доштани Артём Дементйев, нишонзани як воҳиди артиши Русияро ба камияш дар панҷ куштор ва инчунин латукӯбу шиканҷа, тирпаронӣ ва боздошти ғайриқонунии мардум дар шаҳри Буча ошкор кардаанд.
Раҳбарони Амрико ва Чин рӯзи 24-уми сентябр дидор ва дар бораи мавзӯъҳое чун тиҷорату сиёсат, ҳуши маснуӣ, қазияи Тайван ва ҷанги Эрон гуфтугӯ карданд.
Мақомоти покистонӣ эълон карданд, ки дар вокуниш ба ҳамлаҳои паҳподии рӯзи 23 сентябр аз Афғонистон, 10 нуқтаро дар дохили Афғонистон ҳадаф қарор доданд. Толибон ҳам ин ҳамлаҳои Покистонро тасдиқ карданд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, изҳори умед кард, ки пас аз интихоботи миёндаврии моҳи ноябр дар ин кишвар, ҳукумати ӯ бо Эрон ба созиши сулҳ хоҳад расид.
Ёфтҳои бештар