Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Маскав ва Киев хоҳони поёни ҷанганд. Аврупо нигарон аст


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, бо ишора ба ин ки мумкин аст ба зудӣ бо президенти Русия дидор кунад, гуфт, Маскав ва Киев хоҳони поёни ҳарчӣ зудтари ҷанг ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, мақомҳои баландпояи Амрико барои мулоқот бо мансабдорони Русия озими Арабистони Саудӣ шуданд.

Трамп рӯзи 16-уми январ дар фурудгоҳи Флорида ба хабарнигорон гуфт, талоши ӯ барои барқарории сулҳ байни Русия ва Украина идома дорад. Ӯ гуфт, ба назараш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия "мехоҳад даргирӣ тамом шавад, ва зуд ҳам тамом шавад. Ва ҳамтои украинии ӯ, Владимир Зеленский ҳам ҳаминро мехоҳад".

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин аз эҳтимоли дидори худ бо Владимир Путин хабар дод ва бидуни ишора ба ҷузъиёт гуфт, "замон маълум нест, аммо мумкин аст хеле зуд бошад".

Музокироти Риёз

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи русии "Коммеpсант" гузориш дод, ки гуфтугӯҳои мақомҳои Амрико ва Русия қарор аст рӯзи 18-уми феврал дар пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор шавад.

Кохи Сафед ва Кремл дар ин бора изҳори назари расмӣ накардаанд, аммо Стив Виткофф, намояндаи Доналд Трамп дар умури Ховари Миёна, субҳи якшанбе ба вақти Амрико ба Fox News гуфт, "имшаб ман ҳамроҳи Майкл Уолтс, мушовири амнияти миллӣ, ба Арабистони Саудӣ меравем".

Марко Рубио, вазири корҳои Амрико ҳам, ки ба Исроил сафар кардааст, қарор аст аз онҷо раҳсипори Арабистони Саудӣ шавад.

Пеш аз ин хабаргузории "Bloomberg" гузориш дода буд, ки ҳайати Русия эҳтимолан шомили Юрий Ушаков, ёвари Владимир Путин ва Сергей Наришкин, мудири Хадамоти истихбороти хориҷӣ, бошад. Бо ин ҳол, рӯзномаи "Коммерсант" рӯзи якшанбе аз эҳтимоли ҳузури Сергей Лавров дар ин музокирот хабар дод.

Мақомҳои украинӣ гуфтаанд, даъвате барои ширкат дар музокироти Арабистони Саудӣ дарёфт накардаанд. Стив Веткофф ва Марко Рубио рӯзи якшанбе таъкид кардаанд, ки Украина аз музокирот канор гузошта нашудааст ва ин марҳила танҳо гоми нахуст ба шумор меравад.

Нигаронии Аврупо

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, хоҳони нишасти фаврии раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҷанги Украина шудааст ва ин нишаст қарор аст, рӯзи 17-уми феврал дар Порис баргузор шавад.

Дафтари раёсати ҷумҳури Фаронса меҳвари гуфтугӯҳои ин нишастро баҳс дар бораи тағйири сиёсати Амрико дар баробари Украина ва пайомадҳои бархоста аз он барои амнияти қораи Аврупо эълон кардааст. Мақомҳои гуногуни ин Иттиҳоди Аврупо дар рӯзҳои охир нигаронии худро дар бораи тамоси раҳбарони Амрико ва Русия ва ҳамчунин суханони Кейт Келлогг, намояндаи вижаи Доналд Трамп, иброз кардаанд.

Келлогг рӯзи шанбе дар Конфронси амниятии Мюнхен гуфт, ки дар раванди музокирот бо аврупоиҳо машварат хоҳад шуд, аммо шояд онҳо "сари миз" набошанд. Ӯ рӯзи якшанбе дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки мушорикати Аврупо барои поён додан ба ҷанг ва ҳифзи сулҳ муҳим аст.

Ба иловаи сарони Иттиҳоди Аврупо ва дабири кулли НАТО, қарор аст нахуствазири Бритониё дар нишасти Порис иштирок кунад. Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", муҳимтарин нигаронии мақомҳои Аврупо ин аст, ки тавофуқи эҳтимолии Доналд Трамп ва Владимир Путин, мумкин аст сабаби суст шудани амнияти қораи Аврупо шавад.

XS
SM
MD
LG