Бо бадтар шудани аҳволи иқтисоди Эрон зери таъсири таҳримоти сахти Амрико, хашми мардум аз ҳукумат зиёду зиёдтар мешавад. Рӯзи 11-уми феврал арзиши пули миллии Эрон ба ҳадди рекордӣ поён омад, чун Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико фармон дод, сиёсати “фишори ҳадди аксар” ба Эрон аз сар гирифта шавад. Дар посух ба ин Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон музокира бо Амрико дар бораи барномаи атомии кишварро ғайриоқилона номид ва гуфт: Бо музокира бо Амрико ҳеч мушкиле ҳал намешавад.”
Созиши ҳастаӣ калиде барои Амрико ҷиҳати бардоштани таҳримот ба зидди Эрон аст, солҳои ахир шоҳиди зиёдтар шудани бекориву камбизоатӣ шудааст.
Моҳҳо боз мақомоти Эрон аломат медоданд, ки ҳукумат омодаи музокирот бо Трамп аст, агарчӣ маҳз ӯ дар даври аввали раёсати ҷумҳуриаш Иёлоти Муттаҳидаро аз созиши атомии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон берун кард ва таҳримоти иқтисодиро баргардонд. Дар ҷавоб ба ин Теҳрон ҳам фаъолиятҳои атомиашро афзоиш дод, ҳарчанд мегӯяд, ҳадаф аз ин фаъолиятҳо сохтани бомби атомӣ нест.
Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи 28-уми январ зоҳиран ба музокирот бо Доналд Трамп ризоят дод ва гуфт, имкон дорад, бо касе ки мешиносед, “тавофуқ кард” ва барои он бояд омода шуд. Аммо чанд рӯз баъд ва рӯзи 7-уми феврал ӯ музокирот бо Амрикоро “на оқилона, на ҳушмандона ва на шарафмандона” тавсиф кард, чун ба қавли Хоманаӣ ба Амрико набояд бовар кард.
Cайид Пайвандӣ, профессори ҷомеашинос аз Донишгоҳи 13-уми Париж мегӯяд, бахше аз ҷомеаи Эрон ба Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури ислоҳталаб умед бастанд, ки соли 2024 дар интихобот пирӯз шуд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло зиндагии мардум бадтар ва умедашон ба тағйири мусбат камтар шудааст” ва ин барои ҳукумат оқибатҳои бад дорад.
Сайид Пайвандӣ афзуд: “Паёмади ин барои ҳукумат ин аст, ки бояд омодаи шӯришҳо, норизоиятиҳо ва талабҳои бисёр густурдаи мардум бошад. Ҷомеаи хашмгин ва гурусна метавонад, ҳар лаҳза ба хиёбон биёяд.” Эрон дар чанд соли гузашта борҳо шоҳиди тазоҳуроти олуда ба хушунат шудааст ва сабаби аслӣ ҳам, аҳволи бади иқтисодӣ буд.
Ноумедӣ ва Интиқод
Баёнияи Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи имконнопазир будани музокирот бо Амрико сабаби ноумедии зиёд ва интиқод дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Баъзе аз корбарон дар шабакаи иҷтимоии Х навиштаанд, чаро “мақомоти ғайриинтихобӣ ва мудомулумр” бояд тасмим бигиранд, ки чӣ чизе барои тамоми мардуми Эрон хуб аст. Гурӯҳи дигаре бо муроҷиат ба Масъуди Пизишкиён гуфтаанд, ки агар ваъдаҳои интихоботиаш барои коҳиши таниш бо Ғарбро иҷро карда наметавонад, пас бояд истеъфо бидиҳад.
Баёнияҳои Хоманаӣ ва фармони Трамп дар бораи “фишори ҳадди аксар” ба Эрон зоҳиран яке аз сабабҳои суқути ногаҳонии қурби риёл, пули миллии Эрон дар баробари доллар шуд. Беқурбшавии риёл дар чанд соли гузашта, зиндагиро барои мардуми Эрон сахттар кардааст. Дар гузориши тозаи Идораи омори Эрон омадааст, даромади рӯзонаи тақрибан сеяки мардум камтар аз 2 доллар аст ва онҳо барои хариди маҳсулоти аввалияи зарурӣ сахтӣ мекашанд.
Зуҳро Эронӣ, хабарнигори иқтисодӣ бо ишора ба поин омадани қурби риёл дар шабакаи иҷтимоии Х навиштааст: “Музокира хоҳед кард, ман ба шумо қавл медиҳам.” Муртазо Лутфӣ, шоири эронӣ бо шӯхӣ дар бораи суқути риёл дар Х навиштааст: “Имрӯз 9 соат кор кардаем, вале аз субҳ фақиртарем.” Ато Муҳаммад Табрез, таҳлилгари сиёсии муқими Туркия ба Радиои Фардо гуфт, мардуми зиёде аз баёнияи Хоманаӣ ба хашм омадаанд. Ӯ афзуд: “Дар баробари эҳтимоли афзоиши хашми ҷамъӣ ба назар намеояд, ки Ҷумҳурии исломӣ кори хосе бикунад.”
Гуфтугӯ