Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори RFERL пас аз се сол зиндон дар Белорус озод шуд


Андрей Кузнечук, хабарнигори бахши белорусии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, аз зиндон раҳо шуд. Ӯ ба иттиҳомҳое, ки худ, корфармояш, мақомоти амрикоӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар онро сиёсӣ хонда буданд, зиндонӣ шуда буд.

Озодии ин хабарнигор, ки падари ду фарзанд мебошад, рӯзи 12-уми феврал сурат гирифт. Дар ҳамин рӯз, Марк Фогел, омӯзгори амрикоӣ, пас аз севуним сол аз зиндоне дар Русия озод карда шуд.

Стивэн Капус, президенти Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ дар баёнияе дар ин рӯз гуфт, "ин рӯзи хурсандӣ барои Андрей, ҳамсараш ва ду фарзанди хурдсолашон аст. Пас аз беш аз се сол ҷудоӣ, ин хонавода дубора канори ҳам қарор гирифтанд, ва ин мумкин шуд ба лутфи раисҷумҳур Доналд Трамп".

Ӯ ҳамчунин аз талошҳои Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА ва тими ӯ, ва ҳамчунин ҳимояти ҳукумати Литва қадрдонӣ кард.

Капус афзуд, "мо ҳамчунин умедворем, ки хабарнигори дигарамон Игор Лосик низ озод шавад ва ба давлати Трамп барои идомаи раҳбарӣ ва раҳнамоияш чашм дӯхтаем".

Игор Лосик, хабарнигори дигари бахши белорусии Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ аст, ки ҳамчунон дар Белорус зиндонӣ мебошад.

Кузнечук дар 25-уми ноябри соли 2021 аз сӯи кормандони ношиноси амниятӣ дар назди манзилаш боздошт шуд ва дар оғоз ба иттиҳоми "авбошӣ" ба 10 рӯз зиндон маҳкум шуд. Иттиҳоме, ки Кузничук онро рад кардааст.

Пас аз сипарӣ кардани ин муҳлат, ӯ озод нашуд, балки бори дигар бо иттиҳоми нав рӯбарӯ шуд, ин бор ба далели "ташкили як гурӯҳи ифротӣ". Аммо мақомот моҳҳо аз додани маълумот ба наздикон ва ҳамкоронаш дар робита ба ин иттиҳом, худдорӣ карданд.

Дар моҳи июни соли 2022 додгоҳе дар шарқи Белорус, Кузничукро гунаҳкор шинохт ва пас аз мурофиае, ки ҳамагӣ як рӯз давом кард, ӯро ба шаш сол зиндон маҳкум намуд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар дар Белорус Кузнечукро ба унвони зиндонии сиёсӣ ба расмият шинохтанд ва парвандаи ӯро бахше аз саркӯбҳои густурдатар алайҳи хабарнигорони Радиои Аврупои Озодӣ ва расонаҳои мустақил дар Белорус медонанд.

Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони Белорус, ки бинобар таҳдидҳои амниятӣ маҷбур ба тарки кишвар шудааст, дар вокуниш ба озодии Кузнечук гуфт, "хабари бисёр хушҳолкунанда аст".

Ин саркӯб дар ҳоле рух дод, ки Белорус даргири эътирозҳои густурда алайҳи интихоботи баҳсбарангези президентии соли 2020 буд, ки дар он Александр Лукашенко, диктатори ин кишвар, барои шашумин бори пайдарпай, баранда эълон шуд. Мухолифон ва кишварҳои ғарбӣ ин интихоботро тақаллубӣ медонанд.

Дар ҳамин ҳол, як шаҳрванди амрикоӣ дар моҳи январ ба таври якҷониба аз зиндони Белорус озод шуд. Ҷузъиёти вобаста ба боздошти ӯ ҳамчунон номаълум аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG