Раддубадалҳои доғ дар Кохи Сафед байни президенти Украина Владимир Зеленский ва президент ва муовини президенти Амрико - Доналд Трамп ва Ҷей Ди Венс дар дохили Украина вокунишҳои мухталифе ба бор овард.
Президент Владимир Зеленский изҳори боварӣ кард, ки бо вуҷуди раддубадалҳои доғи лафзӣ бо президенти ИМА Доналд Трамп дар робита бо ҷанги Русия дар Украина, имкони наҷоти ин муносибатҳо вуҷуд дорад.
Мулоқоти ҳалкунандаи раҳбари Украина Владимир Зеленский ва президенти ИМА Доналд Трамп пас аз як баҳси хеле шадид бо хашм анҷомид ва Зеленский Кохи Сафедро пеш аз вақт тарк кард. Трамп гуфт, Зеленский "метавонад замоне баргардад, ки омодаи сулҳ шавад."
Абдулло Оҷалон, раҳбари Ҳизби коргарони Курдистон (PKK) панҷшанбеи 27 феврал аз нерӯҳои худ хост, то силоҳҳояшро замин бигузорад ва пароканда шавад.
Украина ба имзои ҳуҷҷате розӣ шудааст, ки иҷоза медиҳад, Иёлоти Муттаҳида ба манобеи табиии ин кишвар дастрасӣ пайдо кунад. Ин созишномаи муҳим дар пасманзари талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанги сесолаи Русия дар Украина ба даст омадааст.
Манбаъҳои огоҳ ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтаанд, ки Амрико ва Украина бар сари пешнависи қарордоде, ки дастрасии Вашингтонро ба манбаъҳои табиии Украина дар ивази ҳимоят аз Киев фароҳам мекунад, ба созиш расиданд.
Раисҷумҳури Фаронса рӯзи 24-уми феврал гуфт, созиши миёни Украина ва Русия метавонад “ҳафтаҳои наздик” ба даст ояд, вале ҳамзамон огоҳ кард, ки ин сулҳ ба маънои “таслим шудани Украина” нест.
Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумонӣ дар Олмон нишон медиҳад, ки Ҳизби иттиҳоди демократ-масеҳӣ ба пирӯзӣ расидааст. Ин ҳизб муваффақ шуд, ки тақрибан сӣ дарсади орои интихокунандагонро аз худ кунад.
Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, омодааст, ба хотири сулҳ дар кишвараш аз мақоми худ истеъфо диҳад. Ӯ яке аз роҳҳои расидан ба сулҳро дар пазируфтани Украина ба созмони низомии НАТО донист.
Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 22-юми феврал гуфт, аз Украина мехоҳад, миллиардҳо долларе, ки аз Амрико барои ҳифзи ин кишвар аз таҷовузи Русия ба даст овардааст, пас гардонад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупову Украина ду қатъномаи дигаргунаро ба муносибати севвумин солгарди таҷовузи Русия ба хоки Украина пешниҳод кардаанд.
Тибқи гузоришҳо, Арабистони Саудӣ бо ҳадафи таъмини суботу амният дар минтақа ва маҳдуд кардани ҷоҳталабиҳои ҳастаии Эрон, пешниҳоди миёнҷигарӣ дар музокироти байни ду рақиби суннатӣ -Эрон ва Амрикоро додааст.
Ёфтҳои бештар