Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна занон дар як минтақаи Русия аз фарзандон маҳрум мешаванд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Саннет пас аз издивоҷи дубора сарпарастӣ ва нигоҳубини ду фарзанди худро, ки ҳанӯз 12-сола нестанд, аз даст дод. Номи аслии ӯ тағйир дода шудааст. Додгоҳе дар Қафқози Шимолии Русия соли 2024 қазияро ба фоидаи ҳамсари собиқи вай анҷом дод. Шавҳари Саннет гуфтааст, намехоҳад, ки фарзандонаш дар дасти падарандар калон шаванд.

Парвандаи Саннет дар ин минтақаи муҳофизакор ва умдатан мусалмоннишин, ки дар он фарзандон дороии падарон ва хонаводаи падар дониста мешаванд, ҳолати ғайримуқаррарӣ нест. Ҳарчанд ин боварҳои мардуми маҳаллӣ бо қонунҳои Русия зид ҳастанд, ғолибан бар тасмимгирии додрасҳо таъсир мегузоранд ва дар сурати талоқ, издивоҷи дубора ё бевагӣ сабаби маҳрумияти бисёре аз модарон аз сарпарастӣ ва парвариши фарзандонашон мешаванд.

Саннет мегӯяд, дар мурофиа додрас ва вакили ҳамсари собиқаш ошкоро ба вай гуфтаанд, ки ба далели издивоҷи дубора ҳаққи нигоҳдории фарзандонашро надорад. "Ҳамсари собиқам низ дубора издивоҷ кардааст, аммо ҳеч кас намегӯяд, ки бачаҳо набояд дар дасти модарандар бузург шаванд," -- гуфт ӯ.

Талаби 260 доллар нафақа

Вай 31-сола аст ва дар минтақаи Ингушетияи Русия зиндагӣ мекунад: "Ба ман гуфтанд, ки бар хилофи издивоҷи дубораи модар, издивоҷи дубораи падар таъсире бар парванда надорад ва падар бояд фарзандонро калон кунад."

Додгоҳ ба Саннет иҷоза дод, ки ҳафтае як бор духтарашро бинад ва моҳе як бор бо писараш мулоқот кунад. Аммо, ба гуфтаи вай, ҳамсари собиқаш монеи дидор бо фарзандон мешавад. Ҳамсари собиқи Саннет баръакс хостааст, ӯ ҳар моҳ 26 ҳазор рубл (260 доллар) нафақа бипардозад. Ҳадди миёнаи маош дар Ингушетия 39 ҳазор 000 рубл (380 доллар) аст.

Шумораи дақиқи заноне, ки сарпарастӣ ва нигоҳдории фарзандони худро ба шавҳаронашон дар ин минтақа аз даст додаанд, мушаххас нест. Аммо чунин парвандаҳо зиёд гуфта мешаванд.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо соли 2021 мақомоти Русияро вазифадор кард, ки зани чеченӣ Луиза Топайеваро бо чаҳор фарзанди ноболиғаш, ки пас аз фавти шавҳар аз ҷониби падаркалони онҳо гирифта шуда буданд, дубора якҷоя кунанд.

Хусури Топайева ба ӯ гуфта буд, ки фарзандонаш ба оилаи падарии онҳо "тааллуқ доранд". Пас аз нокомӣ дар баргардондани кӯдакон, Топайева парвандаи худро ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо бурд. Дар қарори содиршуда, Додгоҳ эълон кард, ки пеш аз ин ҳам бо парвандаҳои монанд аз минтақаҳои Қафқози Шимолии Русия, аз ҷумла Чеченистон ва Ингушетия дучор шудааст.

Доғистон. Акс аз соли 2019
Доғистон. Акс аз соли 2019

Додгоҳи дунявӣ ё исломӣ?

Як вакили мудофеъ, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, бисёре аз додрасҳо дар Чеченистон ва Ингушетия зери таъсири одатҳои маҳаллӣ қарор доранд ва ба ҷойи пайравӣ аз қонунҳои Русия, онҳоро дар тасмимгириҳои худ татбиқ мекунанд.

Ӯ гуфт: "Вакилони мудофеи падарон дар муҳокимаҳои сарпарастӣ ва нигоҳдории фарзандон аксар вақт аз тасмими модар барои издивоҷи дубора ба унвони қартаи муҳиме барои пирӯзӣ дар парванда истифода мекунанд."

Ба гуфтаи бисёре аз уламои исломӣ, модарон дар сурати талоқ бояд сарпарастӣ ва нигоҳдории фарзандони худро ҳифз кунанд, магар ин ки дубора издивоҷ кунанд. Ба назари ин уламо, падарон бояд пуштибонии молӣ аз фарзандони худро бидуни таваҷҷуҳ ба тартиботи зиндагии онҳо таъмин кунанд.

Вакил гуфт: "Вақте чунин асосномаҳоро мешунавам, ба онҳо мегӯям, ки ин муҳокима дунявӣ аст ва агар ҳукме бар асоси дин мехоҳанд, бояд додгоҳи исломӣ пайдо кунанд."

“Дар роҳрав ба ман мегӯянд, ки "дар анъанаҳои мо нест, ки фарзандонро ба модар бидиҳем, агар ӯ дубора издивоҷ карда бошад." Аммо вақте аз онҳо мепурсам "Оё дар анъанаҳои мо ҳаст, ки аз модар нафақа бигиред?" ҷавобе надоранд," – афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG