Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп Зеленскийро як "диктатори бе интихобот" хонд


Акси ҳамроҳшудаи Трамп ва Зеленкский
Акси ҳамроҳшудаи Трамп ва Зеленкский

Баҳси лафзӣ миёни Доналд Трамп, президенти ИМА ва Владимир Зеленский, президенти Украина ғайриинтизор тундтар шудааст. Трамп аз Зеленский интиқоди сахт кард ва ӯро "диктатори бе интихобот" хонд.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навишт, "як диктатори бидуни интихобот. Зеленский беҳтар аст ҳарчӣ зудтар чорае андешад, вагарна дигар кишваре барояш боқӣ нахоҳад монд". Вай ӯро ҳамчунин як "масхарабози миёнаҳол" номид.

Қонуни асосии Украина баргузории интихобот дар вазъияти ҷангиро манъ кардааст. Давраи панҷсолаи Зеленский қарор буд пас аз интихоботи моҳи март, дар моҳи майи соли 2024 ба поён бирасад.

Владимир Путин пештар эълон карда буд, ки бо Зеленский музокира нахоҳад кард, зеро вай пас аз ин таърих, ихтиёр ва салоҳияте барои имзои созиши сулҳ нахоҳад дошт.

Трамп дар идома навишт, "Зеленский эҳтимолан мехоҳад "қатори пули бодоварда" ҳамчунон идома дошта бошад".

Зоҳиран ин ишора ба ҳимояти молии Ғарб аз Украина аст.

Вай афзуд, "ман Украинаро дӯст дорам, аммо амалкарди Зеленский ваҳшатнок буд. Кишвараш вайрон шудааст ва миллионҳо нафар бесабаб кушта шуданд".

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Украинаро диктатор номид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Изҳороти Трамп чанд соат пас аз он баён шуд, ки Зеленский бори дигар нигаронии худро дар бораи музокирот миёни Амрико ва Русия дар Арабистони Саудӣ дар бораи поён додан ба ҳамлаи Русия ба Украина, иброз кард. Аз ҳамлаи Русия ба Украина се сол мегузарад. Аз он замон то кунун аз ҳар ду тараф ҳазорҳо нафар кушта ва беш аз 8 миллион украинӣ муҳоҷир шудаанд.

Зеленский дар нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, музокироти сатҳи боло рӯзҳои гузашта дар Риёз бо ҳузури Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико ва Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷи Русия, бо ҳадафи берун кардани Владимир Путин аз инзиво, анҷом шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин вазъ метавонад тағйироте дар сиёсатҳои геополитикӣ ба миён биорад, ки ба амнияти Украина таъсир хоҳад гузошт. Вай афзуд, "ИМА ба Путин кӯмак кард, то аз инзивои чандинсола берун шавад... Путин ва русҳо аз ин мавзуъ бисёр хушҳол ҳастанд".

Як рӯз пеш аз ин, Трамп Зеленскийро ғайри мустақим гунаҳкори ҳамлаи Русия ба Украина донист ва аз шикояти Зеленский дар бораи даъват нашудан ба музокироти Амрико ва Русия дар Риёз, тааҷҷуб кард.

Трамп дар изҳороти худ гуфт, "имрӯз шунидам, ки гуфта шуд, "чаро моро даъват накарданд, хуб, шумо се сол аст, ки онҷо ҳастед. Шумо ҳаргиз набояд онро оғоз мекардед. Метавонистед созиш кунед".

Бо ин ҳол, Зеленский рӯзи чаҳоршанбе таъкид кард, ки хоҳони шаффофият ва "ҳақиқати бештар" аз сӯи ҳукумати Трамп аст.

Дар посух ба пурсише дар бораи дархости Трамп барои дарёфти товон дар ивази кӯмакҳои молии Амрико, Зеленский гуфт, ки ҳозир аст дар бораи дастрасии захираҳои маъдании Украина гуфтугӯ кунад, аммо бояд ба Украина замонатҳои амниятӣ дода шавад.

Вай таъкид кард, "сухан дар бораи 500 миллиард доллар кӯмаке, ки Украина дарёфт кардааст, ҷиддӣ нест. Ман намояндаи Украина ҳастам ва наметавонам кишварамро бифурӯшам".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG