Рӯзи 18-уми феврал пас аз се соли ҷанг дар Украина нахустин бор дипломатҳои баландпояи Амрико ва Русия дар Арабистони Саудӣ вохӯрданд. Намояндагони ду кишвар барои тавсеи ҳамкориҳо, ки пас аз ҷанг дар Украина хароб шуда буд, ба мувофиқа расиданд.
ИНТИҚОДИ ТРАМП АЗ УКРАИНА
Доналд Трамп, президенти Амрико гуфт, айби мақомоти Украина буд, ки ба ҳамлаи Русия роҳ доданд ва бо роҳи музокира аз ҷанг пешгирӣ накарданд.
Трамп рӯзи 18-уми феврал нишасти намояндаҳои Русия ва Амрико дар Арабистони Саудиро хулоса кард ва ба даъват нашудани Украина ба ин нишаст низ вокуниш кард. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, "мегӯянд, моро даъват накардед. Се сол вақт доштед. Имкон буд, ҷанг сар нашавад. Бояд созиш мекардед.”
Трамп ҳамчунин Киевро барои он танқид кард, ки барои қатъи хунрезӣ барвақттар гуфтугӯро оғоз накард. "Музокироти норасида бояд солҳо пеш оғоз мешуд ва бе аз даст додани замин, бе қурбонии зиёд ва бе аз даст додани шаҳрҳои худашон,»-гуфт президенти ИМА.
Моҳи феврали соли 2022 Русия ба хоки Украина ҳамла кард. Ҳамлае, ки пас аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Аврупо собиқа надошт.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Пас аз музокирот дар Саудӣ, Трамп ҳамчунин гуфтааст, ки бовариаш ба сулҳ бештар шуд ва шояд то охири моҳ бо ҳамтои русаш Владимир Путин вохӯрад.
Ба гуфтаи Трамп, бояд дар Украина интихоботи нав баргузор шавад, чун муҳлати президентии Владимир Зеленский охири соли гузашта ба поён расидааст. Қонунҳои Украина ба баргузории интихобот дар шароити ҷангӣ иҷоза намедиҳанд.
ЧАРО ЗЕЛЕНСКИЙ БА АРАБИСТОН НАРАФТ?
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина сафараш ба Арабистони Саудиро, ки қарор буд ин ҳафта анҷом шавад, ба таъхир гузошт.
Манобеи хабаргузории "Ройтерз" гуфтаанд, ки Зеленский ба хотири машруият набахшидан ба гуфтугӯи Русия ва Амрико аз сафараш даст кашидааст. Мақомоти Украина ба таъкид мегӯянд, ки сарнавишти Украина набояд бе ҳузури ин кишвар баррасӣ шавад.
Дар нишасти Арабистони Саудӣ, Русия талабҳои сахттар пеш гузошта гуфтааст, ки НАТО бояд аз ваъдаи соли 2008 дар мавриди пазируфтани Украина ба ин созмони низомӣ даст кашад. Маскав ҳамчунин шарт гузоштааст, ки набояд дар хоки Украина сарбозони НАТО ҳузур пайдо кунанд.
АВРУПО АЗ ЧӢ НИГАРОН АСТ?
Дар ҳамин ҳол Киев ва кишварҳои аврупоӣ нигаронанд, ки ИМА ва Русия бе ҳузури онҳо ба созише мерасанд, ки ба фоидаи Маскав хоҳад буд.
Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ Трампро танқид карданд, ки пеш аз музокирот бо Русия гузашт кард ва пайвастан Украина ба НАТО-ро рад карда, пас гардондани заминҳои аз дастрафтаи ин кишварро ғайривоқеӣ хонд.
Марк Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА гуфт, ки дар бахшҳое аз гуфтугӯи сулҳ дар Украина шарикони аврупоӣ низ ҷалб мешаванд ва якҷоя қарор қабул хоҳанд кард.
Аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина, Вашингтон муҳимтарин муттаҳид Украина будааст ва пас аз оғози президентии Доналд Трамп низ Киев дар талош барои наздик шудан ба ҳукумати ӯ будааст. Украина аз ҷумла, пешниҳод кардааст, ки Амрико дар коркарди захираҳои маъдани Украина саҳм дошта бошад.
Трамп мунтақиди кӯмакҳои молӣ ва низомии ҳангуфти ҳукумати Ҷо Байден ба Киев буда ва мегӯяд, ки Амрико хароҷотеро, ки дар ин кишвар кардааст, пас хоҳад гирифт.