Дастаи футболи Файзканд дар ноҳияи Восеъ, ки имсол ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳ наёфт, эҳтимол соли охири ҳузураш дар саҳнаи футболро пушти сар мекунад.Чаро?
Пас аз чанд сол қарздорӣ ва "танаффус", ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" эълон кард, ки ҳавопаймоҳояшро дубора ба ҳаракат медарорад, аммо дар ҳоли ҳозир танҳо дар масири Душанбе-Хоруғ. Маълум нест, то куҷо комёб хоҳад шуд.
Дар шумораи навбатии барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" бо Муҳаммадраҳим Холов (Бобои Шайх) ҳамсуҳбат шудаем, ки зери оташи артиши Русия дар Харкови Украина ба сар бурда, дар хидмати мардуми мулкии ин шаҳр аст.
Кормандони музейи Британия, воқеъ дар шаҳри Лондон, аз ҳамкориашон бо осорхонаҳои Тоҷикистону Узбекистон хушҳол будаанд. Ин суханонро масъулони музей аснои суҳбат бо хабарнигори Ретйерс дар арафаи кушоиши намоишгоҳи "Роҳи Абрешим" иброз доштаанд
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Абдулфайз Атоӣ, сухангӯйи пешини Вазорати корҳои хориҷӣ ва консули собиқи Тоҷикистон дар Кундузи Афғонистон, боздошт шудааст. Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, ӯ дар аввали моҳи август аз сӯйи Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайванд ба парвандаи Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ, дастгир шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир талош дорад, ки даромадро аз бахши ҷаҳонгардӣ бештар кунад. Ин рӯзҳо даҳҳо ширкати ҷаҳонгардӣ дар Душанбе дар доираи аввалин намоишгоҳи байнулмилалӣ имкониятҳои сайёҳии худро ба намоиш гузоштанд.
Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон
Даҳҳо маротиба бештар шудани шумораи тӯфонҳои чангу ғубор дар Осиёи Марказӣ дар пайи тағйирёбии иқлим мақомоти Тоҷикистонро нигарон кардааст. Баргузории ҳамоиши дурӯзаи байнулмилалӣ таҳти унвони “Таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ба пиряхҳои Осиё ва Уқёнуси Ором” баёнгари ҳамин нигаронист.
Дар пайи таркиши бомбаи ҷиҳатёб ё ҳидоятшавандаи Русия рӯзи 24-уми сентябр як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Харкови Украина вайрон шуд. Камаш се нафар ҷон бохтаанд. Амалиёти наҷот ва поккорӣ ҷараён дорад.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар соли 1999 таъсис шуд. Дар 25 сол чӣ роҳеро тай кард ва оё ин роҳе, ки омад ҳамеша ҳамвору бемушкил буд? Ба ин ва суолҳои дигар раиси он Нуриддин Қаршибоев посух дод.
Дар ним соли ахир мақомоти Русия шеваи нави озору азияти муҳоҷиронро пеш гирифтаанд, ки солҳои пеш кам мушоҳида мешуд. Ҳоло муҳоҷиронро аз фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои марзӣ ба Русия роҳ намедиҳанд ва ба ватан пас мегардонанд.
Ёфтҳои бештар