Ҷасади тоҷикони фавтида аз Украина ба Тоҷикистон интиқол ёфтаанд; муҳоҷирони ихроҷшуда дар Хатлон ангур мечинанд; идомаи таркиши таҷҳизоти бесим дар Лубнон; ҳабси шахсе, ки ду ҷавони нобиноро фиреб карда, пули мошинашонро надод; зане аз ҳалқи мори питон раҳо карда шуд.
Бо боло рафтани сатҳи об дар дарёи Дунай, Маҷористон (Венгрия) барои пешгирӣ аз селу обхезии эҳтимолӣ дар ин кишвари аврупоӣ омода мешавад. Сарвазир Виктор Орбан ин вазъро яке аз душвориҳои пешорӯи Маҷористон дониста, ҳамзамон илова кардааст, ки мутахассисону ихтиёриён чӣ кор карданро хуб медонанд.
"Аз Русия ихроҷ шудем, дар ватан деҳқонӣ мекунем!".Қиссаи чанд тоҷикистонии ихроҷшуда аз Русия дар вилояти Хатлон.
Дар Лубнон рӯзи 18-уми сентябр бори дигар дастгоҳҳои иртиботӣ таркиданд. Вазорати тандурустии Лубнон гуфтааст, ки дар ҳодисаи нав 20 нафар кушта ва наздик ба 500 нафар захмӣ шудааст. Дар ҳодисаи як рӯз пеш аз ин, дар таркиши пейҷерҳо 12 нафар кушта ва ҳудуди се ҳазор нафар маҷруҳ шуда буд.
Пули мошини харидаашро надод ва акнун дар боздошт аст
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруф ва яке аз намояндагони шинохтаи театри тоҷик дар хориҷа, 65-сола шуд. Ин коргардон барои ошкорбаёниаш ва бахусус пас аз манъи намоишномаи "Девонагӣ. 93" дигар дар саҳнаҳои театрҳои Тоҷикистон кор карда наметавонад. Солҳои охир дар Қазоқистон аст.
Бо вуҷуди зиёд шудани сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон, ба гуфтаи сокинон, нархи манзил ҳанӯз боло ва дастнорас аст. Баъзе аз бонкҳо барои харидани хона қарзи дарозмуддат пешниҳод мекунанд, вале бо шарту баҳрае, ки соҳиби хона шудан барои аксарият фақат орзу боқӣ мемонад.
5 ноябр дар Амрико интихоботи президентӣ доир мешавад. Бисёриҳо мехоҳанд донанд, ки президенти ояндаи ИМА чӣ касе хоҳад буд ва чӣ сиёсатеро пеш мегирад. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки ба ин интихобот чӣ гуна менигаранд? Назарашон ба номзадҳо чист? Пирӯзии Ҳаррис ё Трамп чӣ паёмадҳо дошта метавонад?
Ахбори Тоҷикистону ҷаҳон
Дар таркиши пейҷер, як дастгоҳи паёмрасони бесим дар Лубнон беш аз 10 нафар кушта ва ҳудуди 4 ҳазор нафар захмӣ шудаанд. Ин паёмрасонро бештар ҷангҷӯёни гурӯҳи Ҳизбуллоҳ ба хотири пайдо накардани ҷойи зисташон истифода мекардаанд.
Бо гузашти як ҳафта аз ҳамла ба яке аз рӯҳониёни шинохтаи тоҷик Радиои Озодӣ баъзе аз ҷузъиёти дарафтодани як донишҷӯ ба ӯро ба даст овард. Тафтиш идома дорад ва мақомот ҳанӯз ошкоро ин ҳамларо шарҳ надодаанд.
Маҳдудиятҳо дар кору зиндагии муҳоҷирон, дар Русия бештар мешавад.Ин навбат мақомоти вилояти Маскав эълон намуданд, ки сар аз соли нав муҳоҷирони патентдорро дар баъзе соҳаҳои муҳим ба кор қабул нахоҳанд кард.
Ёфтҳои бештар