Маҳдудиятҳо дар кору зиндагии муҳоҷирон, дар Русия бештар мешавад.Ин навбат мақомоти вилояти Маскав эълон намуданд, ки сар аз соли нав муҳоҷирони патентдорро дар баъзе соҳаҳои муҳим ба кор қабул нахоҳанд кард.
Нерӯҳои Русия ба сӯи Покровск, як маркази муҳими нақлиётӣ дар шарқи Украина пеш мераванд. Мақомот ҳазорон нафар аз аҳолии осоиштаро аз ин миинтақа кӯч доданд. Аммо баъзе аз сокинони Мирноҳрад, ки дар чанд километрии шарқи Покровск ҷойгир аст, азми мондан дар ин ҷоро доранд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз садри аъзами Олмон хостааст, ки кишвараш дар бунёди нерӯгоҳи "Роғун" саҳм бигирад. Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолтс рӯзи 17-уми сентябр дар Қазоқистон ва дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Олмон (5+1) гап задаанд.
Хабарҳои рӯз
Пулиси Санкт Петербург аз боздошти ду муҳоҷир ва 4 зодаи Русия хабар дод, ки гӯиё ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ кумак мекардаанд. Ба гуфтаи пулис, яке аз дастгиршудаҳо ҳамроҳи писараш муҳоҷиронеро меҷустанд, ки ба сабти ҷойи иқомат ниёз доштанд.
Моҳҳои ахир дар Русия қонунҳои муҳоҷират то рафт сахттар шуданд. Баъзе минтақаҳои ин кишвар корро барои муҳоҷирон маҳдудтар карданд. "Озодӣ" аз сокинон пурсид, ба мақомоти Тоҷикистон барои беҳбуди шароити муҳоҷирон чӣ машварат медиҳанд ва ба назари онҳо чӣ гуна мешавад вазъро оддӣ кард?
Рӯзи 15-уми сентябр марде ба ҷони Доналд Трамп, номзад ба мақоми президенти Амрико талоши сӯиқасд кардааст. Мақомот гуфтанд, Трамп осеб надидааст ва сиҳату саломат аст. Ин бори дуюм аст, ки ба сӯи Доналд Трапм тир меандозанд.
Боронҳои сахту пайдарпайи се рӯзи охир боиси баланд шудани оби дарёҳо дар қисмати марказӣ ва шарқии Аврупо шуд. Ин ҳодиса сабаби марги чандин нафар ва бехонумон шудани садҳо каси дигар гашт.
Ахбори Озодӣ
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокниони шаҳри Бохтар пурсид, ки чаро мардон аз пардохти алимент худдорӣ мекунанд ва роҳи ҳалли масъала кадом аст?
Дар Душанбе баҳси як сокини шаҳр бо мудири як мактаб то ба додгоҳ рафтааст. Волидайни ду наврасе, ки дар литсейи рақами 5 дарс мехонанд, ба додситонӣ шикоят бурдаанд, ки аз онҳо барои таҳсили бачаҳояшон ба додгоҳ кашидааст.
Як сокини вилояти Суғд шикоят дорад, ки тақрибан даҳ сол боз дар шароити сахт дар хонаи қадима ва нимавайрон зиндагӣ мекунад. Ин зан мегӯяд, муроҷиатҳои батакрори ӯ ба мақомоти Панҷакент мушкилашро ҳал накард. Мансабдорон дар номаҳои расмӣ гуфтаанд, ки имкони сохтмони манзили зисташро надоранд.
Ёфтҳои бештар