Ҳазорон тифли муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия мунтазиранд, ки ҳафтаи оянда онҳоро ба мактаб қабул мекунанд ва бачаҳо ба дарс идома медиҳанд. Вале орзуи бисёре аз онҳо шояд амалӣ нашавад ва пушти дар бимонанд, зеро мактабҳои Русия дигар ба сахтӣ фарзандони муҳоҷиронро қабул мекунанд.
Хабарҳои рӯз
Пайвандони Наврӯзи Рустамҷон ва Назирҷон Тошов, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гаравгонгирӣ дар зиндони Волгогради Русия муттаҳам ва дар амалиёти нерӯҳои вижа кушта шуданд, ба фарзияи мақомоти рус дар бораи пайравии онҳо аз гурӯҳҳои тундрав бовар надоранд.
Дар Балуҷистони Покистон дар ҳамлаи ҷудоиталабони балуч 73 нафар кушта шудааст. Рӯзи 26-уми август ҷудоиталабон ба идораҳои пулис, роҳҳои оҳану мошингард ҳамла карданд. Ҷудоиталабон мегӯянд, ҳукумат ҳаққи балучҳоро нодида мегирад ва ба онҳо зулм мекунад.
Дар ним сол додгоҳҳои Тоҷикистон барои риоя накардани қонуни танзим мардумро наздик ба 7 млн сомонӣ ҷарима бастанд. Мақомот ҳамеша ситоиш мекунанд, ки ин қонун барои мардум сабукиҳои зиёде овард. Радиои Озодӣ ин навбат аз мардум пурсид, ин қонун ба онҳо чӣ сабукиҳо овард?
Дар Тоҷикистон ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки зери фишори ҷомеаи муҳофизакор ва ҳоло мазҳабӣ мумкин аст, яке аз ҳунарҳои қадима ва зебои тоҷикон, яъне рақс аз байн биравад. Рақсидану раққосиву раққосагӣ солҳои ахир ба истилоҳ обрӯяшро аз даст додааст.
Ахбори Озодӣ
Нерӯҳои Исроил рӯзи 25-уми август бо ҳамлаҳои зиёди ҳавоӣ ба ҷануби Лубнон гуфтанд, ки амалиёташон барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии созмони "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон аст. Пас аз ин созмони мазкур ба Исроил бо садҳо мушак ҳамла бурда гуфт, ки барои қатли яке аз фармондеҳонаш интиқом мегирад.
Атмия Азимова, ки баъди раҳоӣ аз зиндон барои худ ва бист ҳамтақдираш ҷойи кор офарида буд, дигарбора дастгиру ҳабс шудааст. Мақомот ӯро ба қаллобӣ гунаҳкор карданд. Худаш як сол пеш дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ аз санҷишу “даъват”-ҳои маъмурони милиса дар Хуҷанд шикоят дошт.
Меъёри андоз ё молиёт дар Тоҷикистон баланд аст ё паст? Шумо мехоҳед кадом намуди андозҳо аз байн бурда ё паст карда шаванд? Радиои Озодӣ бо ин суолҳо ба сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат кард ва ҷӯёи назари онҳо дар ин бора шуд.
Гаравгонгирӣ дар маҳбаси Волгогради Русия; банд мондани муҳоҷирон аз Узбекистону Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Маскав; Камала Ҳаррис расман довталаби курсии президентии Амрико шуд ва матолиби дигар.
Манъи густурдаи вуруди муҳоҷирон ба Русия идома дорад
Ёфтҳои бештар