Рӯзи 15-уми сентябр марде ба ҷони Доналд Трамп, номзад ба мақоми президенти Амрико талоши сӯиқасд кардааст. Мақомот гуфтанд, Трамп осеб надидааст ва сиҳату саломат аст. Ин бори дуюм аст, ки ба сӯи Доналд Трапм тир меандозанд.
Боронҳои сахту пайдарпайи се рӯзи охир боиси баланд шудани оби дарёҳо дар қисмати марказӣ ва шарқии Аврупо шуд. Ин ҳодиса сабаби марги чандин нафар ва бехонумон шудани садҳо каси дигар гашт.
Ахбори Озодӣ
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокниони шаҳри Бохтар пурсид, ки чаро мардон аз пардохти алимент худдорӣ мекунанд ва роҳи ҳалли масъала кадом аст?
Дар Душанбе баҳси як сокини шаҳр бо мудири як мактаб то ба додгоҳ рафтааст. Волидайни ду наврасе, ки дар литсейи рақами 5 дарс мехонанд, ба додситонӣ шикоят бурдаанд, ки аз онҳо барои таҳсили бачаҳояшон ба додгоҳ кашидааст.
Як сокини вилояти Суғд шикоят дорад, ки тақрибан даҳ сол боз дар шароити сахт дар хонаи қадима ва нимавайрон зиндагӣ мекунад. Ин зан мегӯяд, муроҷиатҳои батакрори ӯ ба мақомоти Панҷакент мушкилашро ҳал накард. Мансабдорон дар номаҳои расмӣ гуфтаанд, ки имкони сохтмони манзили зисташро надоранд.
Дар Тоҷикистон, ки мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи неруҳои мусаллаҳ идома дорад, муҳоҷирати домодҳои ҷавон ба Русия авҷ гирифтааст. Баъзеҳо ҳато моҳи асал бо завҷаи ҷавонро нагузаронида барои кор ба Русия мераванд, то онҳоро ба артиш набаранд.
Қаҳрамони шумораи навбатии барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" зани тоҷик Гулшан Мукаррамова мебошад, ки мегӯяд бо ташаббуси шавҳари собиқаш аз Русия ихроҷ ва аз дидори фарзандонаш маҳрум шудааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 10-уми сентябр ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дод, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтаҳои охир роҳ надодани муҳоҷирони тоҷик ба Русия ва ихроҷи онҳо аз ин кишвар шиддат гирифтааст.
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ба зудӣ дар Хуҷанд, дуюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ гузошта шавад. Шаҳрдорӣ мегӯяд, аксари корҳои санҷишӣ ба анҷом расидааст ва дар садади насби камераҳои мушоҳидавӣ ҳастанд. Аз ин пеш дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хоруғ низ чунин дурбинҳоро часпонда буданд.
Рӯзи 11-уми сентябр дар Душанбе ҳамлагари ҷавоне бо корд раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро маҷруҳ кард. Ҳоло ин ҷавон дастгир шудааст.
Ёфтҳои бештар