Оқибатҳои ҳамлаи Русия ба як бинои истиқоматӣ дар Харков
Дар пайи таркиши бомбаи ҷиҳатёб ё ҳидоятшавандаи Русия рӯзи 24-уми сентябр як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Харкови Украина вайрон шуд. Камаш се нафар ҷон бохтаанд. Амалиёти наҷот ва поккорӣ ҷараён дорад.

1
24-уми сентябр. Дар пайи таркиши бомбаи ҷиҳатёб ё ҳидоятшаванда як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Харкови Украина вайрон шуд. Ба иттилои раиси шаҳр Мҳор Терехов, дастикам се нафар ҷон бохтаанд.

2
Девори афтодаи олуда бо хун. Русия ба ин бино камаш панҷ бомбаи ҷиҳатёб партофтааст.

3
Акси бомбаи ҷиҳатёб ё бомбаи ҳидоятшавандаи Русия ҳангоми парвоз (аз бойгонӣ).
Артиши Русия захираҳои кӯҳнашудаи бомбаҳои сангинашро ба ҳавопаймоҳои бесарнишини ҷиҳатгир пайваст намуда, ба истифода мебарорад. Халабонҳои рус то ҳол тавонистаанд бомбаҳои дорои 500 кило вазнро ба ҳадафҳои муайян дар масофаи то 70 километр партоб кунанд.

4
Оқибатҳои таркиши бомбаи ҳидоятшаванда дар рӯзи 24-уми сентябр