Вазорати корҳои дохилии вилояти Баварияи Олмон навореро, ки бо иддаои мубориза бо тундгароии исломӣ нашр карда буд, пас аз танқидҳои сахт пок кард.
Дар Украинаи гирифтори ҷанг бо Русия тағйирот дар таркиби ҳукумат идома дорад. Раиси ҷумҳур Владимир Зеленский гуфтааст, ки овардани вазирону мансабдорони дигари баландпоя барои тақвияти ҳукумат ва бароварда кардани ниёзҳое аст, ки Украина зарурат дорад.
"Афв"-и мошинҳои куҳна дар Тоҷикистон, истеъфои вазири корҳои хориҷии Украина, ҳамлаи Бастрикин ба муҳоҷирон, танқиди исломситезӣ дар Олмон, модари ҷавони фавтида аз даъвояш даст кашид ва Путин боз ду писари пинҳонӣ доштааст.
Раиси Кумитаи тафтишотии Русия мизони ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар вилояти Маскавро нигарокунанда номидааст.
Пайвандони ҷавоне, ки дар идораи пулиси ноҳияи Ашт фавтид, аз даъвояшон барои таҳқиқи ҳодиса даст кашидаанд. Дамир Обидов, сокини 30-солаи ноҳияи Ашт рӯзи 8-уми август боздошт ва ду рӯз баъд дар бинои шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт фавтид.
Додгоҳи Русия чор муҳоҷири тоҷикро барои куштори ҳамватанонашон аз озодӣ маҳрум кард, узви ДОИШ Парвиз Саидраҳмонов дар Тоҷикистон маҳбус асту ҳамсараш дар зиндони Русия, ҳашари мардумӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва мушкили мактабҳои динии Фаронса.
Додгоҳе дар вилояти Ростови лаби Дони Русия ҳамсари Парвиз Саидраҳмонов (Абу Довуд), ҷангҷӯйи тоҷики узви ДОИШ-ро ба 11 сол зиндон маҳкум кардааст. Ҳукми Мадина Бондаренко дар аввали моҳи август содир шуд.
Дар чорчӯби мубориза бо ҷудоихоҳии исломӣ Президенти Фаронса Эмануэл Макрон иқдомҳои ҷиддӣ раҳандозӣ намуда, аз ҷумла сармоягузории мактабҳои диниро маҳдуд кардааст. Аммо устодон ва волидони муҳассилини ин мактабҳо исрор меварзанд, ки ифротгароҳои динӣ дар ин гуна мактабҳо таҳсил намекунанд .
Мардуми ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон бо сармоягузории соҳибкорони саховатманд ва муҳоҷирони корӣ роҳи замонавӣ месозад.
Суст шудани фаъолияти як корхонаи чинӣ дар шимоли Тоҷикистон буҷаи ду ноҳияро ба мушкил рубарӯ кардааст. Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳраки Зарнисор ба истихроҷи маъдан машғул аст ва буҷаи ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Гулистон асосан аз ҳисоби ин корхонаи чинӣ пур мешавад.
Бино ба омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон дарҳои зиёда аз 4 ҳазор мактаб ба рӯи шогирдон боз аст. Ҳамчунин 163 литсею гимназия фаъолият мекунад. "Озодӣ" ин дафъа назари мардумро оиди таҳсил дар мактабҳои умумӣ ва литсейю гимназияҳо пурсид. Дар мактабҳои умумӣ таҳсил ройгон ва дар хусусӣ пулакӣ аст.
Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкатҳои чинӣ аз сарватҳои бузурги маъдании Тоҷикистон истифода карда, муҳити зистро олуда мекунанд ва хашми сокинони маҳаллиро ба миён меоранд. Вале мақомот аз сармоягузорони чинӣ ҳимоят ва ба онҳо имтиёз медиҳанд.
Ёфтҳои бештар