Маҷористон ба сели эҳтимолии харобиовар омода мешавад
Бо боло рафтани сатҳи об дар дарёи Дунай, Маҷористон (Венгрия) барои пешгирӣ аз селу обхезии эҳтимолӣ дар ин кишвари аврупоӣ омода мешавад. Сарвазир Виктор Орбан ин вазъро яке аз душвориҳои пешорӯи Маҷористон дониста, ҳамзамон илова кардааст, ки мутахассисону ихтиёриён бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои андӯхтаашон чӣ кор кардани худро хуб медонанд.

1
Рӯзи 18-уми сентябр. Ноҳияи Обудаи Будапешт

2
Нахуствазири Маҷористон ҳушдор додааст, ки селу обхезӣ дар Будапешт эҳтимол рӯзи 21-уми сентябр ба авҷи худ бирасад

3
Сел хонаҳоро дар Дёр-Мошон-Шопрон вайрон ва одамонро бесарпаноҳ кард. Ин минтақа аз маркази Маҷористон 130 километр дуртар аст

4
Давидани як нафар дар зери пул дар Будапешт. Аксро яке аз корбарон фиристод