Вайронӣ ва ҳалокати сокинон дар пайи боронҳои шадид дар Аврупо
Боронҳои сахту пайдарпайи се рӯзи охир боиси баланд шудани оби дарёҳо дар қисмати марказӣ ва шарқии Аврупо шуд. Ин ҳодиса сабаби марги чандин нафар ва бехонумон шудани садҳо каси дигар гашт.

1
Марде як зани солмандро аз дохили хона мебарорад. Шаҳри Слобозия, Руминия, 14-уми сентябри соли 2024.
Сел сабаби марги камаш 10 нафар дар Ҳолланд ва Руминия шуд. Дар ин офати табиӣ хонаҳои зиёде зери об монда, мақомот садҳо касро ба ҷойи амн кӯчондаанд.
Сел сабаби марги камаш 10 нафар дар Ҳолланд ва Руминия шуд. Дар ин офати табиӣ хонаҳои зиёде зери об монда, мақомот садҳо касро ба ҷойи амн кӯчондаанд.

2
Пайомадҳои сел дар минтақаи Галати дар Руминия.
Тӯфони Борис сабаби боронҳои сахт дар чанд пойтахти Аврупо, аз ҷумла Вена (Австрия), Братислава (Словакия) ва Прага (Чехия) шуд.
Тӯфони Борис сабаби боронҳои сахт дар чанд пойтахти Аврупо, аз ҷумла Вена (Австрия), Братислава (Словакия) ва Прага (Чехия) шуд.

3
Ду нафар талош доранд, ки мардеро аз дами сел наҷот диҳанд. Минтақаи Галати, Руминия.

4
Руминия. Наҷотбахшон кӯшиш доранд, ки як сагро аз дохили об бароранд