Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хостем, барои шир додан ба кӯдак ба боздоштгоҳ равем, вале иҷозат набудааст". Тақдири фарзандони Рухшона чӣ мешавад?


Модари Рухшона Ҳакимова - Мақсуда Шаропова бо духтари хурдиаш Шукрона
Модари Рухшона Ҳакимова - Мақсуда Шаропова бо духтари хурдиаш Шукрона

Волидони рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, ки 5 феврал бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” зиндонӣ шуд, ба бегуноҳии духтари худ исрор меварзанд ва аз мақомот дархост доранд, ки ҳукми 8 соли зиндони ӯ бозбинӣ шавад.

Мақсуда Шаропова, модари Рухшона 6 феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои он ба зинаҳои болоӣ шикоят мекунанд.

“Ман ҳеч боварӣ надорам, ки духтари ман хиёнаткор аст. Чун вай ҳеч вақт ба ин кор намеравад. Мо боз ба Додгоҳи олӣ шикоят мекунем ва боварӣ дорам, ки ба доди мо мерасанд. Зеро мо ба Ватани худ ва президенти худамон боварӣ дорем, ки ба доди модаре, ки кӯдакаш ҳоло ширхора аст, мерасанд”, - изҳор дошт Шаропова.

Модари Рухшона мегӯяд, шаби гузашта бо Шукронаи 9-моҳа - духтарчаи хурдии рӯзноманигор то субҳ бедор буданд: “Фарзанди хурдиаш нуҳмоҳа ва калониаш дувунимсола аст. Хурдӣ шири модар мехӯрад. Барои ҳамин мо имшаб хеле азоб кашидем. Намедонем, чӣ кор кунем. Мо фикр кардем, ки нисфирӯзӣ ӯро барои шир додан ба боздоштгоҳ барем, вале иҷозат намедодаанд».

Ба гуфтаи Мақсуда Шаропова, вай ҳоло намедонад ба пурсишҳои набераи калонияш, ки пайваста модарашро суроғ мекунад, чӣ ҷавоб диҳад.

“Калониаш аз боғча омад ва баъди каме бозӣ пурсид, ки "модарам дар куҷо аст?" Ман посух додам, ки ба беморхона рафтааст. Шаб шуд ва боз пурсид, ки "бибӣ, модари ман дар куҷо аст?" Субҳ вақте аз хоб хест, боз гуфт, ки "бибӣ, маро модарам ба боғча барад”, - илова кард Шаропова.

Кӯдакони муштоқи дидори модар. Тақдири фарзандони Рухшона
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Волидони Рухшона мегӯянд, то охирин лаҳзаҳо бовар доштанд, ки ӯ аз толори додгоҳ дубора берун меояд. Вале ба ҷойи ӯ ду гӯшвораашро берун оварданд, ки ҳамчун рамзи ду тифлаш ва ҳамчун паём ба модараш фиристода буд.

Зокирҷон Ҳакимов, падари Рухшона мегӯяд, агар духтараш гунаҳгор буд, худи ӯ "аз баҳраш мегузашт". Ӯ, ки андӯҳашро пинҳон карда натавонист, гуфт:

“Аз духтарам пурсидам, ки "агар гуноҳ дошта бошӣ, худам аз баҳрат мегузарам". Вале посух дод, ки "падар, ман ягон гуноҳ накардаам ва шумо ҳам моро чунин тарбия накардаед. Моро бо нони ҳалоли омӯзгорӣ тарбия кардаед».

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5 феврал Рухшона Ҳакимоваро бо гумони “хиёнат ба давлат” ба мӯҳлати ҳашт сол ҳабс кард. Мақсуда Шаропова мегӯяд, додгоҳ ҳамчунин ба мусодираи пасандозҳои духтару домодаш низ дастур додааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Зану шавҳар ба хотири харидани хона пули аз зиндагӣ зиёдатиро ҷамъ мекардаанд. Ҳамин пул - зиёда аз 200 ҳазор сомониро ҳам мусодира карданд. Мегуфт, ки дар чаҳоруним сол ҳамин қадар пул ҷамъ кардаем. Боре ба ман гуфт, ки "модар, шояд пулро мусодира кунанд". Ман гуфтам, бигузор пулро мусодира кунанду туро ҳабс накунанд.”

Гулҳарам Назаралиева, модаршавҳари Рухшона хост, президенти Тоҷикистон барои раҳоии арӯси хонадонаш мусоидат кунад. Ӯ гуфт:

“Ман аз президентамон бисёр хоҳиш мекунам, ки келини манро дастгирӣ кунанд. Ман гуфтаниям, ки келини ман бегуноҳ аст, ягон гуноҳе надорад.”

Парвандаи Ҳакимова пушти дарҳои баста баррасӣ шуда, худи ӯ дар додгоҳ иттиҳомро рад кардааст. Ҳазорон нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ҳукм эътироз карданд. Онҳо Рухшонаро бегуноҳ ва ҳашт сол зиндонӣ кардани модари ду кӯдаки хурдсолро хилофи қонун номиданд.

Як манбаи наздик ба тафтишот парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” пайванд дод, вале ба далели муҳри махфӣ доштани парванда ҷузъиёташ маълум нест.

Ҳамроҳ бо ӯ рӯзи 5 феврал чандин чеҳраи саршиноси кишвар - мақомоти пешини давлатӣ ва сиёсатмадорон ҳам ба ҳукмҳои сангину тӯлонӣ маҳкум шуданд.

Рухшона Ҳакимова 31-сола аст ва хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Корро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз кардааст. Корманди нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” буд. Матолиби таҳлилиаш дар сомонаҳои “Кабар Азия” ва “Фактчек.тҷ” низ нашр шудаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон аст.

Созмонҳои байнулмилалии "Гузоришгарони Бидуни Марз" ва "Дидбони ҳуқуқи башар” (Human Rights Watch) ҳукми рӯзноманигорро маҳкум карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки ӯро озод кунанд.

Дар бештар аз ду соли охир нуҳ рӯзноманигору блогери тоҷик – Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Хушом Ғулом, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Аҳмади Иброҳим – аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch ин вазъро ташвишовар донистаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG