Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Мариупол зистан дар хонаҳои холимондаро "ғайриахлоқӣ" меноманд


Мариупол дар бомбборонҳои бераҳмонаи артиши Русия осеби зиёд дидааст
Мариупол дар бомбборонҳои бераҳмонаи артиши Русия осеби зиёд дидааст

Сокинони бесарпаноҳи Мариупол - як шаҳри муҳосирашуда аз сӯи Русия намехоҳанд ба хонаҳои холимондае кӯч банданд, ки соҳибонашон аз ҷанг гурехта, рафтаанд. 

Президенти Русия Владимир Путин хонаҳои холимондаи шаҳрро “бесоҳиб” номид ва аз ҳукумати шаҳр хост, сокинонеро, ки ҷои зист надоранд, дар ин хонаҳо ҷой кунанд.

Путин ба сокинон ваъдаи бунёди биноҳои нави истиқоматиро дода буд. Аммо ин хонаҳоро ҳам аксаран русиягиҳое мехаранд, ки шароити хуб доранд. Сиёсатшиносон мегӯянд, бахше аз нақшаҳои тарҳреҳишудаи Маскав ҳам ҳамин аст, ки мехоҳад шумори украиниҳоро дар инҷо кам ва русҳоро бешгтар кунад.

Бархе сокинони Мариупол ошкор мегӯянд, ки зистан дар хонаҳои холимонда "ҳам аз нигоҳи ахлоқӣ ва ҳам қонунӣ ғайриимкон аст”.

Сокинони Мариупол намехоҳанд ба хонаҳои холимондаи украиниҳое кӯч банданд, ки замони ҷанг аз ин шаҳр фирор кардаанд. Ин минтақаи шарқии Украинаро Русия дар оғози ҷанг бомбборон карда буд. Аксари сокинон бесарпаноҳ мондаанд. Путин ба онҳо ваъдаи хонаи нав дода буд, аммо ҳоло мардумро маҷбур доранд , ки дар хонаҳои холимондаи сокинони дигар ҷо шаванд.

Чаро русҳо ба хонаҳои холимондаи Мариупол намераванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Хонаҳои навбунёдро, ки шуморашон зиёд нест, русиягиҳо харидорӣ доранд. Украиниҳо тавони молии хариди хона ва ё гирифтани қарзи бонкиро надоранд. Маскав ба он муттаҳам мешавад, ки талош дорад, укриниҳоро аз шаҳр берун карда, онро бо русиягиҳо пур кунад.

Петр Андрюшенко аз созмони бо номи Маркази омӯзиши ишғолгарӣ мегӯяд: “Ин натиҷаи сиёсати огоҳонаи омезиш ё иваз кардани аҳолӣ аст. Ҳоло дар Мариупол ҳудуди 50 ҳазор рус ба сар мебаранд. Ва дастикам ҳамин 50 ҳазор рус барои гирифтани ипотека дархост хоҳанд дод.”

Путин хонаҳои холиро “бесоҳиб” номида мегӯяд: “Дар шаҳр 5 ҳазор хонаи холӣ ҳаст. Мақомоти маҳаллӣ бояд онҳоро нигаҳ надоранд ва ба одамон тақсим кунанд.”

Сокинони хонаҳо метавонанд ҳар лаҳза баргарданд.

Аз замони ҳуҷуми бедалели Русия ба хоки Украина се сол пур мешавад, вале то ҳанӯз поёни ҷанг маълум нест кай фаро мерасад ва то куҷо ду ҷониб барои нишастан сари мизи гуфтугӯ омода мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG