Қарор буд ин ҷашн рӯзи 4 октябр ташкил мешуд, вале бидуни шарҳу тафсире баргузор нагардид.
Рӯзи 6 феврал дар посух ба саволи ин ки сабаби бекор шудани ҷашни донишманди маъруф тирамоҳи соли 2024 чӣ буд, Хушвахтзода гуфт:
«Аз сабабе, ки устод каме бемор буданд, мо натавонистем ин чорабинии устодро баргузор кунем. Мо омода ҳастем баргузор кунем».
Аммо яке аз наздикони академик Акбар Турсон рӯзи 6 феврал дар як суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзҳои таҷлил аз 85-солагӣ саломатии устод хуб буд. Ин шахс, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт: «Далели баргузор накардани ҷашни зодрӯзи устод аз сӯи Академияи миллии илмҳо вазъи саломатии эшон набуд. Зеро рӯзи ҷашн муқаррар ва даъватнома ҳам фиристода шуда буд».
Мусоҳибаи Радиои Озодӣ бо академик Акбари Турсон тирамоҳи соли гузашта сурат гирифта буд. Баъд аз нашри мусоҳиба дар рӯзи 1-уми октябр, ки донишманд интиқодҳое аз ниҳодҳои илмӣ ва олимону донишмандони Академияи илмҳо карда буд, сару садоҳо баланд шуданд, ки Академия маҳз ба ҳамин хотир аз таҷлили ҷашн, ки қарор буд 4 октябр баргузор шавад, худдорӣ кардааст. Он замон гуфта шуд, ки ҷашни Рӯзи забон сабаби ин ҳолат шудааст, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, мусоҳибаи интиқодии донишманд бо Радиои Озодӣ ва расонаҳои дигар ба чанде аз сарварон хуш наомадааст.
Президенти Академияи илмҳо ҳамчунин мегӯяд, ки ин ниҳод аз ҳамкорӣ бо Радиои Озодӣ канорагирӣ накардааст. Дар ҳоле, ки бархе ниҳодҳои Академияи илмҳо пас аз муроҷиати хабарнигорон барои суҳбат иҷозаи расмии президенти академияро талаб мекунанд:
«Дар масъалаи суҳбат бо Радиои Озодӣ, олимони мо фикру андешаи худашонро баён мекунанд, ягон монеа нест. Ман ҳамчун президенти Академияи илмҳо монеагузорӣ накардаам. Кадом шабакае, ки набошад, кадом воситаи ахбори оммае набошад, ҳар олим фикру андешаи худашро дорад, баён мекунад. Мо барои ҳамкорӣ омода ҳастем», - таъкид кард Қобилҷон Хушвахтзода.
Ин дар ҳолест, ки олимони академия аз баёни андеша дар масъалаҳои умдаи Тоҷикистон ва шарҳу таҳлили равандҳои кишвар худдорӣ мекунанд.
Академик Акбари Турсон дар поёни ҳукумати шӯравӣ мудири Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Дар оғози даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ яке аз чеҳраҳои фикрие буд, ки миёни тарафҳои сиёсӣ ва неруҳои даргир минёҷигарӣ мекард.
Баъдтар ба Амрико рафт ва 17 сол он ҷо буд. Соли 2009 пас аз як мулоқот бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар сафараш ба Амрико, соли 2011 ба Тоҷикистон даъват ва мудири яке аз пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шуд. Гуфта мешуд, ки бояд дар ин ниҳоди илмӣ зери раҳбарии ӯ ислоҳот сурат бигирад. Аммо ин ислоҳот баҳсҳои зиёдеро ба бор овард ва ӯ аз ин мақом барканор шуд. Чанд сол мушовири раиси ин ниҳод буд.
Гуфтугӯ