Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон омори муҳоҷиронро махфӣ кард. Чаро?


Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, баъд аз махфӣ эълон шудани пулашон, шумораи худи муҳоҷирон низ ба маълумоти махфӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки теъдоди муҳоҷирон ҳамасола эълон мешуд, ҳарчанд бисёриҳо онро камшуда медонистанд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал аз гуфтани омори муҳоҷирон худдорӣ кард ва ба хабарнигорон гуфт, ки чанд сол аст пули фиристодаи муҳоҷирон “зери муҳри махфӣ аст ва ҳоло шумораи муҳоҷиронро низ ба маълумоти муҳри махфӣ дохил карда истодаанд».

Рӯзи 10-уми феврал Кумитаи занон ҳам аз эълони теъдоди занони муҳоҷир худдорӣ кард ва як рӯз баъд Вазорати меҳнату муҳоҷират низ бархилофи гузашта, омори муҳоҷиронро пешниҳод накард. Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнату муҳоҷират, рӯзи 11-уми феврал гуфт, ки ба далели номутобиқатии омор бо Русия онро эълон намекунанд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода
Ҷамшед Нурмаҳмадзода

Аз раиси Оҷонсии омор пурсида шуд, ки оё мутобиқ кардани омор бо ҷониби Русия истиқлоли давлатро зери суол намегузорад, ки мақомоташ наметавонад мустақилона омори худро пешниҳод кунад.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, дар посухи ин суол гуфт, ки сабабро намедонад, шояд фарқе дар таҳлилҳо ҷой дошта бошад. «Мо надорем ин маълумотро. Маълумоти муҳоҷиратро Вазорати меҳнат таҳия мекунад. Ман инро болои ҳеч вазорате вогузор карданӣ нестам, лекин агар ба мо пешниҳод кунанд, мо фавран эълон мекунем”.

Видеоро инҷо бинед:

Чаро мақомот омор дар бораи муҳоҷиронро пинҳон медоранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Дар робита ба муҳоҷирон имсол танҳо додситони кул як рақамро эълон кард. Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон 14-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, соли гузашта ихроҷи муҳоҷирон аз Русия чанд баробар зиёд шудааст.

«Агар пештар то ҳазор касро ихроҷ мекарданд, пас соли гузашта ин рақам аз 30 ҳазор одам гузашт. Танҳо аз фурудгоҳҳо зиёда аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ карданд,»-гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.

Маълум нест, шумораеро, ки додситони кул дар назар дорад, дақиқан чанд аст ва он чӣ қадар аз 30 ҳазор гузаштааст. Ҳабибулло Воҳидзода яке аз сабабҳои зиёд ихроҷ ва пас гардондани муҳоҷирони Тоҷикистон аз Русияро ба ҳодисаи ҳамла ба толори консертии «Крокус» рабт дод.

Аз соли 2017 ба ин сӯ Бонки миллии Тоҷикистон аз эълони пули муҳоҷирон худдорӣ мекунад. Ин тасмим замоне гирифта шуд, ки расонаҳои Русия навиштанд, ки муҳоҷирон дар даҳ сол ба Тоҷикистон 19 миллиард доллар ворид кардаанд.

Анвар Бобозода
Анвар Бобозода

Анвар Бобозода, мудири тарҳи муҳоҷират дар Академияи миллии илмҳо моҳи ноябри соли гузашта гуфт, муҳоҷирон дар соли 2022 ба Тоҷикистон зиёда аз 5 миллиарду 220 миллион доллар фиристоданд. Ин пул ба 49,2 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар будааст.

Шуҳрат Латиф, коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, махфӣ кардани омори марбут ба муҳоҷирон пайомади манфӣ дорад ва пеш аз ҳама мақомотро аз дарди сари ба таҳлука афтодани мардум ва ё суолҳои бисёри расонаҳо халос мекунад:

“Тарафи манфӣ дар он аст, ки ҳар як маблағгузоре, хоҳ хориҷӣ бошад ё дохилӣ ва ё дар бахши иқтисод бошад ва ё соҳибкорӣ, дар қадами аввал иқтисоди кишварро меомӯзад. Асоси маблағҳои интиқолӣ ин ба рушди иқтисоди кишвар равона шудааст. Мутаассифона чанд сол аст, мо ҳатто аз миқдори ин пулҳо бехабарем. Ташкилоти сармоягузор, пеш аз он, ки тарҳеро маблағгузорӣ кунад, бояд, ки донад чӣ қадар маблағ аз куҷо ва саҳми он дар иқтисодиёт чӣ қадар аст”.

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия моҳи октябри соли 2022 замоне дар сархати расонаҳо ҷой гирифт, ки Владимир Путин дар нишасти сарони кишварҳо дар Остона теъдоди онҳоро беш аз ду миллион нафар гуфт. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо ин омор розӣ нашуд ва гуфт, ки аз ин теъдод танҳо 600 ҳазор барои кор рафтаанд, дигарон муҳоҷир нестанд. Ба дунболи Тоҷикистон, Русия низ аз эълони пули муҳоҷирон худдорӣ кард ва як омори тахминиро танҳо Бонки Ҷаҳонӣ сари чанд вақт эълом медорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG